Мутъа Дар рафтор ва гуфтори саҳоба ва тобеон



 

 

 

Наҷмуддини Табасӣ

بسم الله الرحمن الرحيم
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Муқаддимаи мутар
ҷим

Аз масълаҳое, ки ҳамвора мавриди ихтилофи шиа ва суннӣ буда ва ҳаст «мутъа» ё «издивоҷи муваққат» мебошад.

Шак нест, ки никоҳи мутъа дар оғози ислом ва шояд пеш аз он роиҷ ва маъмул буда ва ислом ҳам онро бо тағйир ва ислоҳоте таъйид ва тасвиб карда аст, то ҷое, ки нахустин кўдаки таваллудшуда аз муҳоҷирон, яъне Абдуллоҳ Ибни Зубайр Ибни Авом натиҷаи ин издивоҷ аст.

То ин ҷои сухан миёни уммати ислом иттифоқи назар вуҷуд дорад ва ихтилоф танҳо дар «насхи» он аст.[1]

Бисёре аз уламои аҳли суннат ба ҳалол будани он дар садри Ислом қоил ҳастанд ва гурўҳе низ пазируфтаанд, ки ҳалол будани мутъа дар замони Пайғамбар(с) ва даврони хилофати Абўбакр ва чанд сол аз хилофати халифаи дуввум идома дошта аст. Ва халифаи дуввум баъд аз гузашти чанд сол аз хилофати худ дар асари бархўрд бо баъзе ҳодисаҳо (мушоҳидаи фарзанд аз роҳи мутъа барои хоҳараш ва бо иқдоми Амр Ибни Ҳурайс ва ё ...) дучори эҳсосот шуд ва бо ин тасаввур, ки ин масъала дар доираи ихтиёроти халифа аст, онро бо сухани машҳури худ манъ кард:

«مُتْعَتَانِ كَانَتَا عَلَى عَهْدِ رَسوُلِ اللهِ أنَا أنْهى عَنهُمَا وَأُعَاقِبْ عَلَيْهِمَا«[2]

Равшан аст, ки пардохтан ба масъалаи ҳалол ва ҷоиз будани мутъа ба ҷиҳати хостаҳои нафсонӣ ва хоҳиши дил нест, балки барои мубориза ва мухолифат бо бидъат ва бар по кардани суннати иломӣ аст.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 81 82 83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 103 104 105 106 107 108 109 110 111 112 113 114 115 116 117 118 119 120 121 122 123 124 125 126 127 128 129 next