Таъсири эътиқод ба қудрати илоҳӣ дар зиндагӣ



Муҳимтарин коркард ва асаре, ки метавон барои таваҷҷӯҳи инсон ба қудрати илоҳӣ ва бовар ба он баён дошт, иборат аст аз: раҳоӣ аз доми ғурур, худписандӣ, гарданшиканӣ, тафохур, такаббур, дурӣ аз ширк дар ибодат ва ғайри ибодат, гароиш ба бандагии Худо, тавассул ва таваккул ба Худо, вогузории умур ба Худо, риояти ҳоли нотавонон, кӯмак ба бенавоён ва монанди он.

Қудрат чист?

Қудрат, ба маънои тавоноӣ бар анҷом додани кор ва тарки он аст. Мафҳуми қудрат дар инсон, ба ин маъност, ки инсон ҳаргоҳ ирода кард то кореро – чи моддӣ ва чи маънавӣ – анҷом бидиҳад, битавонад онро анҷом бидиҳад.

Дар корбурдҳо ва истилоҳоти сиёсӣ, қудрат ба маънои тавоноии иҷрои коре хос, тавоноии шахс барои водор кардани дигарон ба таслим дар баробари хости худ ба ҳар сурате, тавоноии як табақа барои таҳаққуқи манофеи худ дар баробари табақоти дигар ба кор меравад, ки аз он ба “қудрати сиёсии давлат ё аҳзоб” ёд мешавад.

Бархе, хостгоҳи қудратро бар дороиҳои маҳсус ва ғайримаҳсус донистаанд; ба ин маъно, ки нуфузи маънавӣ ва руҳии бархе аз афрод ё сарват ва дороиҳои моддии онон, мӯҷиб мешавад то доираи эъмол ва анҷоми корҳои онҳо густардатар аз доираи маҳдуди дигар афроди ҷомеа шавад.

Дар ин сурат, сухан аз қудрати сахт ва нарм ба миён меояд. “Қудрати нарм”, ҳамон нуфузи маънавӣ аст, ки шахсро қодир ба анҷоми корҳое мекунад, ки аз ӯҳдаи дигарон барнамеояд ва ба содагӣ манофеи худро бо иродаи худ таъмин мекунад. Аммо “қудрати сахт”, қудратест, ки аз тариқи эъмоли хушунат ва зӯр ҳарчанд қонунӣ ба даст меояд ва эъмол мешавад.

Қудрат дар истилоҳи фалсафӣ, ҳолатест дар мавҷуди зинда, ки ба сабаби он метавонад кореро анҷом диҳад ё тарк кунад. Қодир касест, ки ҳаргоҳ ирода кунад, феъл аз ӯ содир мешавад, вагарна содир нахоҳад шуд.

Оё қудрат як арзиш аст?

Қудрат, чи моддӣ ва чи маънавӣ, аз дидгоҳи ақл, амре арзишӣ ва некӯст, зеро тавонмандиҳои одамиро барои анҷоми коре афзоиш медиҳад. Аз назари бархе инсонҳо чун Фиръавну фиръавниён, қудрату сарват, ба худии худ арзиш аст ва ҳатто танҳо милоки арзиши инсонҳо мебошад. Оре, бисёре аз дунёталабон ингуна ба қудрату сарват менигаранд ва онро меъёри аслии арзишгузорӣ медонанд.

Аммо аз назари Қуръон, қудрат замоне арзиш меёбад, ки дар масири камоли одамӣ ва ҷомеа бошад. Агар қудрат ба ин қасду ҳадаф мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, на танҳо арзиш мешавад, балки шоистаи он аст, ки матлуби одамӣ қарор гирад.



1 2 next