Суханони Худованд бо ҳазрати Довуд(а)



Худои таоло ба ҳазрати Довуд(а) фармуд. Эй Довуд! Ман панҷ чизро дар панҷ чиз қарор додаам, вале мардум онҳоро дар панҷ чизи дигар ҷустуҷӯ мекунанд ва дар ниҳоят низ ба он намерасанд.

1. Илмро дар гуруснагӣ ва талош ниҳодам, вале мардум онро дар серӣ ва роҳатӣ металабанд ва намеёбанд.

2. Иззат ва сарбаландиро дар итоати худ ниҳодам, вале мардум онро дар хидмати подшоҳон металабанд ва ба он намерасанд.

3. Сарват ва бениёзиро дар қаноат қарор додам, вале мардум онро дар доштани моли бисёр меҷӯянд ва намеёбанд.

4. Ризоят ва хушнудии худамро дар нохушнудии нафс ва мубориза ба он ниҳодам, аммо онҳо онро дар ризояти нафс меҷӯянд ва намеёбанд.

5. Роҳатӣ ва осоишро дар биҳишт ниҳодам, вале мардум онро дар дунё меҷӯянд ва намеёбанд.

Tojikon

 

 



1 next