Шукргузорӣ дар фарҳанги исломӣ ва ашъори форсӣ



Дар мавриди шукр бар офият

(Ҳикоёти Бӯстони Саъдӣ)

Маро лафзи ширини хонанда дод,

Туро фаҳму идроки донанда дод.

Мудом ин ду чун ҳоҷибон  бар даранд,

Зи султон ба султон хабар мебаранд.

Ҳикояти дузди дастбаста

Дуздеро миршаб дастгир карда ва ба дасташ дастбанд баста буд. Дузд бо дасти баста тамоми шабро бо парешонҳолӣ ва дилхастагӣ сипарӣ мекард, ки ногаҳон садои ноларо шунид, ки марди фақир аз тангдастӣ гиряву нолиш мекард. Дузд бо шунидани ин нолаву зорӣ ба он тараф нигоҳ карда, бо садои баланд гуфт: То ба кай аз бечорагӣ ва тангдастӣ менолӣ ва хобро ба чашмонат ҳаром мекунӣ? Сокиту хомўш бош ва шукри Худо кун, ки туро тангдаст кардааст ва мисли ман накардааст. Агар миршаб дастатро сахт бар пуштат мебаст, чӣ кор мекардӣ? Байт:

Макун нола аз бенавоӣ басе,

Чу бинӣ зи худ бенавотар касе.



1 2 3 4 5 6 7 next