Баррасии равишҳои тарбиятӣ аз нигоҳ Қуръон



Таълиму тарбият ва мутахаллиқ кардани инсонҳо ба ахлоқи исломӣ ва инсонӣ ҳадафи бузурги Паёмбари Ислом (с) будааст, то ҷое ки  он ҳазрат мефармояд: Ман муаллим барангехта шудаам.

Қуръони Карим равишҳои тарбиятии хоссеро барои таълиму тарбияти мусулмонон матраҳ кардааст.

Маънои тарбият

Тарбият ба маънои парвариш додан ва ба феълият расондани истеъдодҳои дарунӣ яке аз аҳдофи паёмбарон аст. Ба назар мерасад, ки агар барои паёмбарон аҳдоф ва вазифаи ибтидоӣ ва ғайра баршуморем  парвариш ва тарбияти инсонҳо бар асоси омўзаҳои Қуръонӣ аз аҳдофи ғоии онон шумурда мешавад.

Устод шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар таърифи таълим ва тарбият менависад: Таълим ба маънои парвариш додан ва истеъдодҳои дарунии мавҷудро ба феълият расондан аст.[1]

Шахсе, ки дар мақоми тарбият қарор мегирад, талош мекунад, то қувои  нуҳуфтаи  худро озод ва шукуфо намояд ва ба нумув ва рушди комил расонад. Бинобар ин, Худованд чун Холиқ ва Офаридгор аст ва мақоми баланд дорад, ашхос ва ашёро ба тавре тарбият ва парвариш медиҳад, ки ба мақоми лоиқ ва шоистаи худ бирасанд. Бар асоси ин тафсир ва маъно, дар мавриди шинохти ин ду вожаи рубубият ва тарбият метавон гуфт, ки ҳар касе, ки  иқдом ба тарбияти каси дигаре намояд, ба ӯ мураббӣ гуфта мешавад. Мураббиён бар асоси истеъдодҳои мураббигарии худ, дар таълим ва тарбияти кӯдакон метавонанд истеъдодҳои пинҳони онҳоро ошкор намуда ва шогирдонро ба камол бирасонанд.

Аҳаммияти тарбият

Дар аҳаммияти тарбият ва парвариш ҳамин бас, ки Худованд дар оёти бисёр худро раб ва парвардигори мавҷудот дониста ва пас аз мақоми улуҳият ба рубубияти хеш бар ҷаҳониён ишора мекунад. Дар ояи 129 ва 151 сураи Бақара  мақоми тарбият ва рушди инсонҳоро ба унвони вазифаи паёмбарон ва ҳадафи асосии онҳо мешуморад ва тазкия ба маънои  раҳосозии шахс аз аносири боздоранда барои дастёбӣ ба  мавод ва манобеи нумув ва рушдро аз усули даъват ва вазифаи яко-яки паёмбарон медонад. 

Дар ояти 124 сураи Оли Имрон ва ояти 2 сураи Ҷумъа  ҳадаф аз омўзаҳои ваҳёнӣ, фиристодани китоб  ва паёмбаронро, таълим, тарбият ва тазкияи инсонҳо медонад. Дар ин масир аст, ки  ҳазрати Мусо (а) барои ёфтани истеъдодҳо, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои сиришта дар зоти хеш ва шукуфоиҳои он ба суроғи Парвардигор ва муаллим меравад, ки битавонад ончи дар зоти ўст  ба таълими рушди худ ошкор ва бовар созад. Вай бо он ки худ аз паёмбарони улулазм ва дорои иродаи қавӣ ва устувор аст, ки яке аз динҳои сегонаи ҷаҳониро ба худ сабт кардааст, бо ин ҳама аз ҳеҷ талош ва кўшише барои шинохти истеъдодҳо ва зарфиятҳои худ даст барнадошта ва мекушад то бо баҳрагирӣ аз устоди доно ва тавоно, онро бишиносад ва шукуфо созад.

Нақши устод



1 2 3 next