Гурӯҳҳои пешқадам дар пазириши Ислом дар замони Расули Акрам(с)



Аз миёни қишрҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоии он рӯз ду гурӯҳ дар пазириши Ислом пешқадам буданд:

а) Ҷавонон

Баррасии феҳрасти мусулмонони нахустин ва низ шавоҳиди дигар нишон медиҳад, ки бештари мусулмонони нахустин ҷавон буданд. Бузургону солхӯрдагон эҳтиёткор буданд ва фарҳанги бутпарастӣ дар афкори онҳо реша давонда буд, аммо ҷавонон ба ҳукми ҷавонӣ зеҳну фикрашон омодаи пазириши афкору ақоиди ҷадид буд. Ин маъно дар навъи инқилобҳои фикрӣ ва динӣ то ҳадде содиқ аст.

Бар асоси як гузориши таърихӣ дар даврони даъвати сиррии Паёмбари Ислом (с) гурӯҳе аз ҷавонон ва заифон ба Ислом гаравиданд.[1]

Ҳангоме, ки Паёмбари Ислом (с) ба даъвати аланӣ пардохт ва шумори пайравонаш афзоиш ёфт, сарони Қурайш пас аз чанд бор шикоят ба Абӯтолиб дар дидори охир ба вай гуфтанд: «Мо чанд бор назди ту омадем, то дар бораи бародарзодаат бо ту сухан бигӯем, ки падарону худоёни моро ба бадӣ ёд накунад ва фарзандону ҷавонон ва бардагону канизони моро аз роҳ берун набарад...».[2]

Дар сафари таблиғии Паёмбар (с) ба шаҳри Тоиф, ашрофи ин шаҳр аз тарси ин ки ҷавононашон аз он ҳазрат пайравӣ кунанд, аз пазириши Ислом саркашӣ карданд,[3] пас аз ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша вақте, ки фиристодагони Қурайш барои бозгардонидани муҳоҷирон ба дарбори Наҷҷошӣ ворид шуданд, дар гуфтугӯ бо дарбориён аз гароиши ҷавонони Макка ба Ислом шикоят карданд.[4]

Шахсе аз қабилаи «Ҳузайл» вориди Макка шуд ва Паёмбар (с) ӯро ба Ислом даъват кард. Абӯҷаҳл ба марди ҳузалӣ гуфт: «Мабодо сухани ӯро бипазирӣ, зеро ӯ моро бехирад ва падарони моро, ки мурдаанд, аҳли оташ муаррифӣ мекунад ва ҳарфҳои аҷиби дигар мезанад!».

Ҳузалӣ гуфт: «Чаро ӯро аз шаҳри худ берун намекунед?».

Абӯҷаҳл посух дод: «Агар ӯ берун равад ва ҷавонон сухани ӯро бишнаванд ва ширинзабонии ӯро бибинанд, аз ӯ пайравӣ хоҳанд кард ва мумкин аст ба кӯмаки онон ба мо ҳамла кунад».[5]

Утба - яке аз ашрофи Қурайш - низ дар дидор бо Асъад ибни Зурора яке аз бузургони Хазраҷ дар Ясриб аз гароиши ҷавонон ба Расули Худо (с) шиква кард.[6]



1 2 3 4 5 6 next