Муноҷоти Шаъбония



Аз дуоҳое, ки ба замзамаи он дар моҳи мубораки Шаъбон бисёр таъкид шудааст, дуое аст маъруф ба “Муноҷоти Шаъбония”. Ин дуоро, ки ҳам аз назари алфоз бисёр дилнишин ва ҳам аз назари маъно, бисёр волост, Сайид ибни Товус дар Иқболул-аъмол бо санад аз Имом Алӣ (к) ва эшон аз Паёмбари Акрам (с) нақл кардаанд.

Пеш аз овардани матни комили ин муноҷот, сазовор аст андаке дар бораи фазоили моҳи мубораки Шаъбон сухан ба миён оварем. Дар ин хусус, аз навиштаҳои бародари фозил ҷаноби оқои Амонуллоҳ Бобоӣ баҳра хоҳем гирифт:

Ба номи Худованди Меҳрубон

1. Шаъбон моҳи Паёмбари Акрам (с) аст;

2. Фариштагон эҳтироми ин моҳро комилан риоят мекунанд;

3. Ризқу рӯзии моддӣ ва маънавии мардум, бахусус рӯзии маънавии онҳо, дар ин моҳ тақсим мешавад;

4. Дар ин моҳ фариштагон биҳиштро зинат медиҳанд, то мӯъминон дар он дохил шаванд;

5. Худованди Мутаол ба фазлу карами худ ҳасанот ва корҳои неки мардумро дар ин моҳ 70 баробар подош медиҳад ва аз гуноҳонашон мегузарад.

Бидон, ки Шаъбон моҳи бисёр шариф аст ва ба сарвари паёмбарон ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат дорад. Расули Худо (с) тамоми ин моҳро рӯза мегирифтанд ва фармудаанд, ки: “Ҳар кас як рӯз аз моҳи маро рӯза бидорад, биҳишт бар ӯ воҷиб мегардад.”

Дар ривояте омадааст, ки Расули Худо (с) ҳар гоҳ ҳулули моҳи Шаъбонро медиданд, мефармуданд: “Шаъбон моҳи ман аст, Худо раҳмат кунад он касеро, ки дар моҳам маро ёрӣ кунад.”



1 2 3 4 5 6 7 next