Худошиносӣ аз забони Алӣ ибни Абӯтолиб (к)



Ситоиш сазовори Худовандест, ки ҳавосси панҷгона[1] ӯро дарк накунанд, маконҳо ӯро дарбар нагиранд, чашмҳо ба ӯ нангаранд ва пӯшишҳо ӯро пинҳон накунанд.

Бо падид овардани офариниш, азалӣ (доимӣ ва беохир) будани худро собит кард ва бо пайдоиши падидаҳои гуногун, вуҷуди худро исбот намуд.

Бо ҳамонанд доштани махлуқот, собит шуд, ки Худо ҳамонанде надорад.

Худо дар ваъдаҳои худ ростгӯ ва бартар аз он аст, ки бар бандагонаш ситам кунад.

Миёни махлуқот бо адолат рафтор кард ва дар иҷрои аҳком одилона фармон дод.

Ба вуҷуд омадани чизҳо, гувоҳ бар азалӣ будани ӯ ва нотавонии падидаҳо далели қудрати бемонанди ӯ ва нобудии падидаҳо, гувоҳи доимӣ будани ӯст.

Худо яке аст на бо шумориш, ҳамешагӣ аст на бо ҳисоби замон, барпост на бо нигаҳдорандае.

Андешаҳо ӯро мешиносанд на бо дарки ҳавосс, нишонаҳои хилқат ба вуҷуди ӯ гувоҳӣ медиҳанд на бо ҳузури моддӣ, фикрҳо ва андешаҳо ба зоти ӯ иҳота надоранд, балки бо осори азамати худ, бар онҳо таҷаллӣ карда ва нишон дод, ки ӯро наметавонанд тасаввур кунанд ва доварӣ бар ин нотавониро бар ӯҳдаи фикрҳо ва андешаҳо гузошт.

Худо бузурге нест, ки дорои дарозӣ дар паҳно ва жарфо бошад, то дорои ҷисми бузурге бошад ва бо азамате нест, ки ҷусса (колбуд)-аш бениҳоят калон бошад, балки бузургии Худо дар мақом ва азамати ӯ дар қудрату ҳукумати ӯст.

Гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Худо ва паёмбари баргузида ва амонатдори писандидаи ӯст. Худо ӯро бо ҳуҷҷатҳои қотеъ ва пирӯзии ошкор ва роҳи рӯшан фиристод. Пас, рисолати худро ошкоро расонд ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят кард ва онро ба ҳамагон нишон дод ва нишонаҳои ҳидоятро баланд кард ва чароғҳои рӯшанро бар сари роҳи одамон гузошт ва риштаҳои исломро устувор кард ва дастгираҳои имонро маҳкам ва пойдор намуд.



1 2 3 next