Илм, ҳикмат ва маърифат



Мутаассифона хатари бузурге, ки имрӯз ҷомеаи башарро таҳдид мекунад, ин аст, ки дониш рушд карда, вале ҷавҳар ва ҷиҳату хосияти худро аз даст додааст ва дар масири инҳитоту суқути инсонӣ ба кор гирифта шудааст.

Дар ин навиштор, баҳси мо перомуни дониш, ҳикмат ва маърифат ва дидгоҳи Ислом роҷеъ ба ҳар аз ин се унсур аст. Дар ибтидо, ҳар якро бо таваҷҷӯҳ ба корбурди онҳо дар луғат таъриф, сипас ба тафсил перомуни ҳар яке баҳс ба амал хоҳем овард.

Маънои «илм», «ҳикмат» ва «маърифат»

Вожаи «илм» дар луғат ба маънои донистан ва дониш аст ва нақизи он вожаи «ҷаҳл» аст. Вожаи «маърифат» ва «ирфон», ба маънои «шинохт ва огоҳии ҳосил аз андеша дар осор» аст. Маърифат ва ирфон, нақизи вожаи «инкор» аст.

Ва аммо вожаи «ҳикмат» низ дар луғат аз решаи «ҳукм» ба маънои «манъ» гирифта шудааст, зеро ҳукму доварии одилона, монеи зулм аст. Ҳамчунин даҳанаи асп ва дигар чорпоён «ҳакама» номида мешавад, чун монеъ ва маҳоркунандаи ҳайвон аст. Бар ин асос, илм ҳикмат номида шудааст, чун аз ҷаҳли олим пешгирӣ мекунад.

Илм ва маърифат дар Қуръон ва ҳадис

1. Қуръони Карим: “Бигӯ: оё доноён ва нодонон бо ҳам баробаранд? Танҳо хирадмандон мутазаккир мешаванд.” (Сураи Зумар, 9).

Ҳеҷ мактабе монанди Ислом барои дониш ва маърифату огоҳи арзиш қоил нест ва ҳеҷ дине монанди Ислом мардумро аз хатари ҷаҳл барҳазар надоштааст. Аз назари Ислом, илм асоси ҳамаи арзишҳо, ва ҷаҳл решаи ҳамаи айбҳо ва мафосиди фардию иҷтимоӣ аст. Ҳамчунин аз манзари Ислом, инсон дар ҳар ҳаракате ниёз ба шинохту огоҳӣ дорад ва ақоид, ахлоқ ва аъмоли инсон бояд пояи илмӣ дошта бошад.

Аз назари Ислом, дониш ҳақиқату ҷавҳаре дорад ва зоҳиру пӯстае. Анвои донишҳои расмӣ, ҳам исломӣ ва ҳам ғайри исломӣ, пӯстаи дониш маҳсуб мешаванд ва ҳақиқати илму маърифат чизи дигаре аст. Зеро ҳақиқати дониш нуре аст, ки дар партави он инсон ҷаҳонро он гуна ки ҳаст, мебинад ва ҷойгоҳи худро дар ҳастӣ меёбад. Нури дониш маротибе дорад, ки болотарини он на танҳо инсонро бо роҳи такомули худ ошно мекунад, балки ӯро дар ин масир ҳаракат медиҳад ва ба мақсади аълои инсоният мерасонад.

Қуръони Карим бо сароҳат аз ин нур сухан мегӯяд:



1 2 3 4 5 6 7 next