62 - Олами ҳастӣ низоми аҳсан аст



[1]

Мо эътиқод дорем: Ҷаҳони офариниш, саҳнаи низоми аҳсан аст, яъне низоми мавҷуди олам шоистатарин назме аст, ки метавонад бар ҷаҳон ҳукмфармо бошад, ҳама чиз рўи ҳисоб аст ва ҳеҷ гуна матлабе бар хилофи ҳаққу адолат ва некӣ дар он вуҷуд надорад ва агар бадиҳо дар ҷомеаи инсонӣ дида мешавад, аз тарафи худи онҳо аст.

Такрор мекунем, мо эътиқод дорем: адли илоҳӣ яке аз пояҳои аслии ҷаҳонбении Ислом аст ва бидуни он масъалаи тавҳид ва нубувват ва маод низ ба хатар меафтад, – диққат кунед.

Дар ҳадисе мехонем, ки Имом Содиқ (а) пас аз ин ки тасдиқ намуданд: "Едшу ЗУЗУу ЗбПшцндц ЗбКшужъНцнПх жу ЗбъЪуПъбх"

Поя ва асоси дин тавҳид ва адолат аст, - изофа намуданд:

"ГгшЗ ЗбКшужъНнПх ЭуГдъ бЗ КхМужшцТу Ъубм СуИшцЯу гЗ МЗТу ЪубунЯуЎ жу ГгшЗ ЗбъЪуПъбх ЭуГдъ бЗ КудъУцИу Ебм ОЗбцЮцЯу гЗ бЗгуЯу Ъубунъец"

“Тавҳид он аст, ки ончи бар ту равост, бар Худо раво надорӣ (ва ўро аз тамоми сифоти мумкинот пок ва муназзаҳ шуморӣ) ва аммо адл он аст, ки амалеро ба Худо нисбат надиҳӣ, ки агар онро худат анҷом диҳӣ, туро ба хотири он маломат кунанд”, - диққат кунед.[2]

 

* * *

 

63 – Манобеи чаҳоргонаи фиқҳ

Манобеи фиқҳии мо ҳамон гуна ки дар гузашта низ ишора шуд, чаҳор чиз аст:

Нахуст, Китобуллоҳ - Қуръони маҷид аст, ки санади аслии маориф ва аҳкоми исломӣ мебошад.

Дуюм, суннати Паёмбар(с) ва имомони маъсум – Аҳли Байт (а).

Сеюм, иҷмоъ ва иттифоқи уламо ва фақеҳон аст, ки кошиф (баргирифта) аз назари маъсум бошад.

Чаҳорум, далели ақл аст ва манзур аз далели ақл, далели ақлии қатъӣ аст. Аммо далели заннӣ (гумонӣ) монанди қиёс ва истеҳсон[3] дар ҳеҷ як аз масоили фиқҳӣ, назди мо, қобили қабул нест. Бинобар ин ҳар гоҳ фақеҳ бо гумони хеш, маслиҳатро ба чизе бинад, ки дар китоб ва суннат ҳукми он ба хусус ворид нашудааст, наметавонад онро ба унвони як ҳукми илоҳӣ муаррифӣ кунад ва ҳамчунин паноҳ бурдан ба қиёсҳои заннӣ ва амсоли он барои кашфи аҳкоми шаръӣ назди мо ҷоиз нест. Аммо дар мавриде, ки инсон яқин пайдо кунад, монанди яқин ба зиштии зулму дурўғ ва дуздӣ ва хиёнат ин ҳукми ақл мўътабар аст ва ба муқтазои қонуни
"Яхбшх гЗ НуЯугу Ицец ЗбъЪуЮъбх НуЯугу Ицец ЗбФшуСъЪх" “Ҳар чӣ ба он ақл ҳукм кунад, шаръ низ ба он ҳукм менамояд”, - баёнгари ҳукми шаръӣ аст.

Ҳақиқат ин аст, ки мо дар бораи аҳкоми мавриди ниёзи мукаллафон дар умури ибодатию иҷтимоӣ ва сиёсию иқтисодӣ, ба андозаи кофӣ ривоёт аз Паёмбари Акрам(с) ва имомони маъсумин(а) дар даст дорем ва ниёз ба паноҳ бурдан ба ин гуна далелҳои заннӣ ва гумонӣ намебинем; ҳатто мўътақидем, барои кашфи аҳком дар масоили мустаҳдаса, яъне масъалаҳое, ки бо гузашти замон дар зиндагии башар падид омадааст, усул ва қоидаҳои куллие дар китоб ва суннати Пайғамбар(с) ва имомони маъсум(а) ворид шудааст, ки моро аз тавассул ба ин гуна далелҳои заннӣ бениёз мекунад, яъне бо муроҷиат ба ҳамон куллиёти аҳком, масъалаҳои мустаҳдаса кашф мешавад; (тавзеҳи ин сухан аз зарфияти ин баҳси фушурда берун аст).

 

* * *

 

64 - Боби иҷтиҳод ҳамеша боз аст

Мо эътиқод дорем: Боби иҷтиҳод дар тамоми масоили шаръӣ боз аст ва ҳамаи фуқаҳои соҳибназар метавонанд аҳкоми илоҳиро аз манобеи чаҳоргонаи боло, истинбот карда ва дар ихтиёри касоне, ки қудрати истинбот надоранд, бигузоранд, ҳарчанд назари эшон бо фуқаҳои пешин тафовутҳое дошта бошад. Мо мўътақидем афроде, ки дар фиқҳ соҳибназар нестанд, ҳамеша бояд ба фуқаҳои зинда, ки огоҳ ба масоили замону макон ҳастанд муроҷиат кунанд ва ба истилоҳ аз онҳо тақлид кунанд. Муроҷиати афроди ноогоҳро ба мутахассисон дар фиқҳ аз бадеҳиёт медонем. Мо ин фуқаҳоро марҷаи тақлид меномем. Ба ин тартиб тақлиди ибтидоӣ аз фақеҳи майитро ҷоиз намедонем; ҳатман бояд мардум аз фуқаҳои зинда тақлид кунанд, то доиман фақеҳ дар ҳаракат ва такомул бошад.

 

* * *

 



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 next