Дўстӣ дар Қуръон ва ҳадис – I



Қисмати аввал

Дўст доштани якдигар

1.Расули Худо (с): Уммати ман дар хайру саодат хоҳанд буд, то вақте, ки ҳамдигарро дўст доранд ва ба ҳамдигар ҳадя диҳанд ва амонатдорӣ кунанд.

2.Расули Худо (с): Чаҳор хислат дар мўъмин ҷамъ намешавад, магар ин ки Худо ба сабаби онҳо биҳиштро бар ў воҷиб мегардонад: ростӣ дар забон, дасткушодӣ дар мол, дўстӣ дар дил ва панду андарз дар ошкорӣ ва пинҳонӣ.

3.Расули Худо (с): Ду тан ҳамдигарро дўст намедоранд, магар  ин ки бартарини онҳо касест, ки бар дўсташ муҳаббати бештаре дорад.

4.Имом Алӣ (а): Ҳамоно Худои азза ва ҷалла Исломро роҳе бо пешвоёни равшангар ва нишоне дурахшон қарор дод, ки дар он дилҳо бо ҳамдигар унс мегиранд ва бар пояи он бародарон бародарӣ мекунанд.

5.Имом Боқир (а): Бидон, ки дўстӣ аз ҷониби Худост ва душманӣ аз ҷониби шайтон.

6.Имом Содиқ (а): Ҳамоно рўҳи имон якест, ки аз ҷониби Худои ягона баромада ва дар ҷисмҳои гуногун пароканда шудааст. Пас бар пояи он дўстӣ ва ҳамдилӣ падид меояд.

7.Имом Содиқ (а): Мўъминон ҳамдилӣ мекунанд ва ҳамдил мешаванд ва хонаашон маҳалли рафту омади дўстон аст.

8.Имом Содиқ (а): Ду мўъмин якдигарро намебинанд, магар беҳтарини он ду касест, ки бародарашро бештар дўст медорад.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 next