Баҳси эъҷози Қуръон дар тафсири Ал-мизон (2)



Қисмати дуюм

Баҳсе муфассал перомуни мӯъҷиза будани Қуръон ва посух ба ишколоте, ки дар ин замина матраҳ шудааст

Тарҳи як суол дар бораи муборизаталабии Қуръон ва посух ба он

Дар ин ҷо мумкин аст хонандаи азиз бипурсад, ки ин ки шумо исрор доред умумияти эъҷози Қуръонро собит кунед, чӣ фоидае бар ин умумият мутараттаб мешавад, ба мубориза талабидани умуми мардум, чӣ фоидае дорад? Бояд мутахассисон бифаҳманд, ки Қуръон мӯъҷиза аст, зеро авомм дар муқобили ҳар даъвате, таъсирпазир ва зудбоваранд ва ҳар муомилае, ки бо онҳо бикунанд, мепазиранд. Магар ҳамин мардум набуданд, ки дар баробари даъвати амсоли Ҳусайналии Баҳо, Қодиёнӣ ва Мусайламаи Каззоб хозеъ шуда ва онҳоро пазируфтанд, бо ин ки он чи онҳо оварда буданд, ба ҳазён бештар шабоҳат дошт то сухани одамӣ?

Дар посух мегӯем: Аввалан, танҳо роҳи овардани мӯъҷиза барои умуми башар ва барои абад, ин аст, ки он мӯъҷиза, аз синхи илм ва маърифат бошад. Чун ғайр аз илм ва маърифат, ҳар чизи дигаре, ки тасаввур шавад, ки сару кораш бо соири нерӯҳои дарккунандаи инсон бошад, мумкин нест умумият дошта, диданияшро ҳама ва барои ҳамеша бубинанд, шуниданияшро ҳамаи башар ва барои ҳамеша бишнаванд. Асои мусояш барои ҳамаи ҷаҳониён ва барои абад мӯъҷиза бошад, ва нағмаи довудияш низ умумӣ ва абадӣ бошад.

Чун асои Мӯсо ва нағмаи Довуд ва ҳар мӯъҷизаи дигаре, ки ғайр аз илм ва маърифат бошад, худ ба худ мавҷуде табиӣ ва ҳодисае ҳиссӣ хоҳад буд, ки хоҳ нохоҳ маҳкуми қонунҳои модда ва маҳдуд ба як замон ва як макони муайяне мебошад. Ва мумкин нест ғайри ин бошад, ва ба фарзи маҳол ё наздик ба маҳол, агар онро барои ҳамаи афроди рӯи замин диданӣ бидонем, бояд ҳамаи сокинони рӯи замин барои дидани он дар як маҳал ҷамъ шаванд. Ва ба фарзе ҳам ки бигӯем барои ҳама ва дар ҳама ҷо диданӣ бошад, танҳо барои аҳли як аср диданӣ хоҳад буд, на барои абад. Ба хилофи илм ва маърифат, ки метавонад барои ҳама ва барои абад мӯъҷиза бошад. Ин аввалан.

Ва сониян, вақте аз мақулаи илм ва маърифат шуд, ҷавоби ишколи шумо рӯшан мешавад. Зеро фаҳми мардум мухталиф аст, қавӣ ва заиф дорад, ҳамчунон ки камолот низ мухталиф аст. Ва роҳи фитрӣ ва ғаризии инсон барои дарки камолот, ки рӯзона дар зиндагияш онро тай мекунад, ин аст, ки ҳар чиро худаш дарк кард ва фаҳмид, ки фаҳмида, ва ҳар ҷо фаҳмаш аз дарки чизе оҷиз монд, ба касоне муроҷеа мекунад, ки қудрати дарки онро доранд ва онро дарк кардаанд, ва он гоҳ ҳақиқати матлабро аз онҳо мепурсад.

Дар масъалаи эъҷози Қуръон низ, фитрати ғаризии башар ҳукм ба ин мекунад, ки соҳибони фаҳми қавӣ ва соҳибназарон аз башар, дар паи кашфи он бароянд ва мӯъҷиза будани онро дарк кунанд ва соҳибони фаҳми заиф ба онҳо муроҷеа намуда, ҳақиқати ҳолро суол кунанд. Пас, муборизаталабӣ ва таъҷизи Қуръон умумист, ва мӯъҷиза буданаш барои яко яки башар ва барои ҳамаи асрҳо мебошад.

Муборизаталабии Қуръон ба илм

Қуръони Карим ба илм ва маърифат, ба мубориза талабидааст, яъне фармуда, ки агар дар осмонӣ будани Қуръон шакк доред, ҳама даст ба дасти ҳам диҳед ва китобе дуруст кунед, ки аз назари илм ва маърифат монанди Қуръон бошад. Як ҷо фармуда: “Мо китобро, ки баёни ҳамаи чизҳост, бар ту нозил кардем.” (Сураи Наҳл, ояти 89), ва ҷои дигар фармуда: “Ҳеҷ тару хушке нест, магар он ки дар китоби баёнгар забт аст.” (Сураи Анъом, ояти 59) ва аз ин қабил оятҳои дигар.



1 2 3 next