Баҳси эъҷози Қуръон дар тафсири Ал-мизон (1)



Баҳсе муфассал перомуни мӯъҷиза будани Қуръон ва посух ба ишколоте, ки дар ин замина матраҳ шудааст (қисмати аввал)

Даромад

Қуръони Карим дар як чанд оятҳои худ мегӯяд, ки ин китоб мӯъҷиза(1) аст ва хитоб ба касоне ки ба мӯъҷиза будани он бовар надоранд, мегӯяд, агар қабул надоред, пас монанди он биёваред, аз ҷумла:

”Агар дар бораи ончи бар бандаи худ (Муҳаммад (с)) нозил кардаем, шакку тардид доред, (ақаллан) як сурае ҳамонанди он биёваред...” (Сураи Бақара, ояти 23) 

“Бигӯ: Агар инсу ҷинн даст ба дасти ҳам диҳанд, ки мисли ин Қуръон биёваранд, наметавонанд биёваранд, ҳарчанд ки мададкори якдигар шаванд.” (Сураи Исро, ояти 88)

“Мегӯянд: Ин Қуръон бӯҳтонест, ки ба Худо баста. Бигӯ: Агар рост мегӯед, ғайр аз Худо ҳар касро ки мехоҳед, даъват кунед ва ба кӯмак биталабед, ва онгоҳ шумо ҳам даҳ сура мисли он ба Худо бӯҳтон бубандед.” (Сураи Ҳуд, ояти 13)

“Бигӯ: Агар Худо мехост, на ман онро бар шумо мехондам, ва на Худо шуморо аз он огоҳ месохт. Худи шумо шоҳидед, ки муддатҳо аз умрам, қабл аз ин Қуръон, дар байни шумо зистам, дар ҳоле ки хабаре аз онам набуд. Боз ҳам тааққул намекунед?” (Сураи Юнус, ояти 16)

Ин иддао аз сӯйи Қуръон, дар ҳақиқат ба ду иддао тақсим мешавад: яке ин ки ба таври куллӣ, мӯъҷиза ва хориқи одат(2) воқеан вуҷуд дорад. Дуюм ин ки Қуръон, яке аз мисдоқҳои он мӯъҷизаҳост.

Маълум аст, ки агар даъвои дуюм собит шавад, худ ба худ даъвои аввалӣ ҳам собит мешавад. Ба ҳамин ҷиҳат, Қуръони Карим ҳам, дар мақоми исботи иддаои аввалӣ барнахост, балки танҳо иктифо кард ба исботи иддаои дуюм, яъне ин ки Қуръон мӯъҷиза аст ва бар ин иддаои худ, истидлол кард ба масъалаи муборизаталабӣ ва таъҷиз. Он гоҳ вақте башар натавонист монанди онро биёварад, ҳар ду натиҷаро гирифт.

Ҳоло, ин суол боқӣ мемонад, ки мӯъҷиза чӣ гуна сурат мегирад, дар ҳоле ки амалест, ки одати ҷорӣ дар табиат (яъне истиноди мусаббабот ба асбоби мушаххас(3) онро намепазирад? Зеро дар одати ҷорӣ, қонуни иллат ва маълул истиснопазир нест.(4) На ҳеҷ сабабе, аз мусаббабаш ҷудо мешавад, ва на ҳеҷ мусаббабе бидуни сабаб падид меояд, ва на дар қонуни иллият имкони тахаллуф ва ихтилофе ҳаст. Пас чӣ тавр мешавад, ки масалан асои Мӯсо бидуни иллат - ки таволуд ва таносул бошад – аждаҳо гардад? Ва мурдаи чандин сол қабл, бо дами масеҳоии Масеҳ зинда шавад?



1 2 3 next