Дар боби қаноат



(Ҳикоёти Бӯстони Саъдӣ[1])

Бахши аввал

Ҳар кас, ки бар бахту рўзии худаш қаноат накард, ў Худоро нашинохт ва тоаташ низ фоидае надорад, мисли ин ки ҳеҷ тоате накардааст. Ба шахси ҳарис, ки ба он чӣ дорад қаноат намекунад ва ин сўву он сў мегардад, то чашми гуруснаашро сер кунад, хабар деҳ, ки мардро қаноат ғанӣ ва тавонгар мекунад.

Эй он ки дар талаби рўзии бештар суботу оромиш надорӣ, бояд оромиш дошта бошӣ, чун ки бар санге, ки дар ҳоли гардиш аст, алаф намерўяд.

Агар соҳиби ақли комил ва тадбир бошӣ, танпарварӣ макун, ки агар танпарварӣ кунӣ худатро бо дасти худат ба куштан додӣ. Инсонҳои хирдадманд бештар ҳунарпарвар мешаванд, на танпарвар. Ҳар кас, ки танпарвар бошад ҳунар надорад, некӣ надорад. Он кас метавонад рафтори инсониро ёд бигирад, ки аввал саги нафсашро хомўш кунад ва бар ў чира гардад. Хўрдану хобидан одати ҳайвонот ва даррандагон аст ва касе, ки ин одатро дошта бошад аз ақл дур ва бехирад аст.

Хушо ба ҳоли он некбахт, ки дар як гўшаи қаноат биншинад ва аз илму маърифат барои худаш тўшаи охираташро омода созад. Онон, ки барояшон сирри ҳақ ошкор гашта, ҳеҷ гоҳ бо канор гузоштани он ботилро ихтиёр намекунанд. Вале онон, ки торикиро аз равшанӣ ташхис намедиҳанд, дидори дев бо дидори ҳур барояшон якранг аст. Ту аз нодонии худат, ки роҳро аз чоҳ ташхис надодӣ, гирифтори чоҳ шудӣ.

Шоҳини сабукбол ва баландпарвоз чӣ гуна метавонад баландпарвозӣ кунад, агар бар боли ў санги ҳирсу тамаъро баста бошанд. Ту низ агар доманатро аз чанги шаҳватпарастӣ ва таҷаммулгароӣ раҳо кунӣ, метавонӣ то ба авҷи кибриё, ки сидратулмунтаҳост, бирасӣ.

Хулоса бо роҳи кам кардани хўрду хўрок аз одати рўзонаат оҳиста-оҳиста метавонӣ худатро фариштахўй гардонӣ. Ҳеҷ кас якбора аз ҳолати ваҳшигарӣ ба дараҷаи фариштагон наметавонад бирасад, ҳамон гуна ки намешавад аз зери замин ба фалакулафлок парвоз кард. Аввал бояд хулқу хўи инсониро ёд бигирӣ ва пеша кунӣ, сипас метавонӣ дар мавриди фариштахўӣ фикр кунӣ. Ту акнун бар болои нафсе, ки мисли баччаи аспи бадгуҳар дар ҳоли табу тоз аст нишастаӣ ва вазифаи ту дар ин ҳолат ин аст, ки ҳушёр бошӣ, то ў аз ҳукми ту сарпечӣ накунад, ки Худо накарда агар лиҷоми он аз дасти ту барояд ё канда шавад, ҳам худашро ба куштан медиҳад ва ҳам хуни туро мерезад. Агар инсони ҳақиқӣ бошӣ таомро ба андозааш бихўр, шикаматро пур макун, билахира ту хум нестӣ, ки бояд то гулў пур бошӣ, ту одамӣ ҳастӣ. Даруни инсон ҳам барои таом, ҳам барои зикр ва ҳам барои нафас аст ва он гуна, ки ту гумон мекунӣ фақат барои нону хўрок нест. Оё ҷои зикр боқӣ мемонад дар шиками инсони ҳарис ва чашмгуруснае, ки нафасаш ба сахтӣ пояшро дароз мекунад ва аз пурии таом барои худаш ҷои баромаданро намеёбад. Байт:

Надоранд танпарварон огаҳӣ,

Ки пурмеъда бошад зи ҳикмат тиҳӣ.



1 2 3 4 5 next