Дар мавриди шукр бар офият



(Ҳикоёти Бӯстони Саъдӣ)

Ба шукронаи дўст (Худованд) наметавонам нафасамро боло кашам ва намедонам, ки чӣ гуна шукр кунам, ки лоиқ ва шоистаи ў бошад.

Ҳар тори мўе, ки дар бадан дорам ҳадя аз тарафаи ўст. Пас чӣ гуна метавонам баҳри ҳар як мўй шукргузори ў бошам. Ҳамду ситоиш бод Худованди бахшандаро, ки мо бандагонро аз нестӣ бавуҷуд овард.

Кӣ қудрат ва тавон дорад, ки эҳсон ва марҳаматҳои ўро таърифу тавсиф кунад? Чун ҳамаи авсоф ва сифатҳои хуб дар шаъни ў ночиз аст.

Навофарин аст ў, ки шахсро аз гил меофарад ва ба он шахс, ки аз гил офаридааст ҷону ақлу ҳушу дил мебахшад.

Нигоҳ кун! Ба ҳар инсон аз рўзе, ки дар пушти камари падараш падид меояд то даврони пирӣ аз ғайбаш чӣ ташрифот ва чӣ неъматҳо медиҳад.

Аз ҷиҳати ин ки Худованд туро поку покиза офаридааст, ту бояд боҳуш ва пок бошӣ, чун ки нопок ба хок рафтан шармандагист.

Аз оинаи вуҷудат зуд-зуд гарди нопокиро биафшон, ки сайқали вуҷудат зангзада нашавад.

Мутакаббир ва худбин мабош, ки гуфтаанд:

На дар ибтидо будӣ оби манӣ,



1 2 3 4 5 6 next