Таърихи ислом аз замони ҷоҳилият то реҳлати Паёмбар (с) - 3



Дар остонаи рисолат

Чунон ки гуфта шуд, падарони ҳазрати Муҳаммад (с) яктопараст ва хонадони ӯ хонадони поке буд. Ӯ илова бар покии насаб ва хонадон, аз тарбияти болое бархӯрдор буд ва аз кӯчакӣ ба зиштиҳову палидиҳои бутпарастӣ ва ахлоқи фосиди мардуми Макка олуда набуд.(1) Ӯ аз кӯчакӣ мавриди таваҷҷӯҳу инояти Худованд ва таҳти тарбияти хосси Ӯ буд. Алӣ (а) аз ин давраи тарбиятӣ ва омодагии ӯ чунин ёд мекунад:

و لقد قرن الله به من لدن ان كان فطيماً اعظم ملك من ملائكته يسلك به طريق المكارم و محاسن اخلاق العالم ليله و نهاره...

...Аз вақте, ки аз шир бозгирифта шуд, Худованд бузургтарин фаришта аз фариштагонашро ҳамроҳи ӯ кард, то шабу рӯз ӯро ба роҳи бузургворӣ ва хӯйҳои писандидаи ҷаҳон раҳнамун созад.(2)

Имом Боқир (а) фармуд:

Аз вақте, ки Муҳаммад (с) аз шир бозгирифта шуд, Худованд фариштаи бузургеро ҳамроҳи ӯ кард, то ӯро ба некиҳо ва ахлоқи писандида раҳнамоӣ кунад ва аз бадиҳо ва ахлоқи нописанд боздорад. Ҳамон фаришта буд, ки ҳангоми ҷавонии Муҳаммад (с) ва пеш аз он ки ба рисолат бирасад, ӯро садо мекард ва мегуфт: «Ассалому алайка ё Муҳаммад Расулуллоҳ», вале ӯ гумон мекард, ки садо аз санг ва замин аст ва ҳар чӣ диққат мекард, чизе намедид.(3)

Ҳазрати Муҳаммад (с) (наздикиҳои беъсат), ки ба авҷи рушди фикрӣ ва ақлӣ расида буд, аз муҳити олудаи хеш ранҷ мебурд ва аз мардум канора мегирифт.(4) Ӯ аз сию ҳафт солагӣ ҳолоти рӯҳоние дошт ва эҳсос мекард, ки даричае аз ғайб ба рӯяш боз шудааст. Он чӣ борҳо аз аъзои хонадонаш ва низ донишмандони Аҳли Китоб монанди Буҳайро, Нустур ва дигарон шунида буд, дар ҳоли рух додан буд, зеро нури махсусеро медид ва асроре бар ӯ фош мешуд ва борҳо суруши ғайбӣ ба гӯшаш мерасид, вале касеро намедид!(5) Муддате дар хоб садое мешунид, ки ӯро паёмбар хитоб мекард. Рӯзе дар биёбонҳои атрофи Макка шахсе ӯро Расулуллоҳ садо кард. Ӯ пурсид: «Кистӣ?». Дар посух шунид: «Ман Ҷабраилам, Худованд маро фиристода, то туро ба паёмбарӣ мабъус гардонад». Ҳазрати Муҳаммад (с) вақте, ки ин хабарро ба ҳамсараш Хадиҷа дод, ӯ бо хушҳолӣ гуфт: «Умедворам чунин бошад».(6)

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ин давра чанд рӯз дар сол дар кӯҳи «Ҳиро»(7) хилват мегузид ва ба ибодату ниёиш мепардохт.(8) Ин гуна канорагирӣ ва ибодат дар кӯҳи Ҳиро дар миёни худопарастони Қурайш собиқа доштааст.(9) Нахустин касе, ки ин суннатро гузошт Абдулмуталлиб ҷадди ҳазрати Муҳаммад (с) буд, ки вақте, ки моҳи Рамазон мерасид, ба кӯҳи Ҳиро мерафт ва мустамандонро итъом мекард.(10)

Оғози рисолат

Ҳазрати Муҳаммад (с), ки ба марзи чиҳил солагӣ расида буд,(11) боз ба равиши чандинсола дар кӯҳи Ҳиро ба сар мебурд, ки пайки ваҳй фуруд омад ва нахустин оёти Қуръонро аз даргоҳи Худои Бузург дар гӯши ҷонаш фаро хонд:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 next