Дар бораи тарбият




Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99

Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103

(Ҳикоёти Бӯстони Саъдӣ)

Дар мавриди одатҳои хуб, аъмоли солеҳ, тадбир, некўкорӣ ва ахлоқи писандида сухан гуфтан арзиш дорад, на дар мавриди аспсаворӣ, куштигирӣ, мусобиқаи чавгонбозӣ, ки сухан гуфтан дар ин мавридҳо камфоида аст.

Ту бо душмани худат, ки нафси аммораи туст, ҳамеша ҳамроҳ ва ҳамхона ҳастӣ, бояд бо ин душмани дарунии худ мубориза кунӣ ва то онро шикаст надиҳӣ ва дар зери дасти худ қарор надиҳӣ наметавонӣ бо душмани берунӣ ҷанг кунӣ ва онро мағлуб созӣ.

Онон, ки зимоми нафсро ба даст гирифтаанд ва аз ҳаром дурӣ ҷустаанд, мардонагии онҳо бештар аз Рустам ва Соми Наримон аст.

Эй азизи ман, ту ба ҷои ин ки ба мағзи сари одамон бо гурзи гарон бикўбӣ, бояд аввал худатро мисли кўдак бо чўбдаст адаб кунӣ. Агар ту аз ўҳдаи худат барнаёӣ ва ихтиёри нафсатро ба дастат нагирӣ, душмани ту аз инсони мисли ту, ки дар баробари худаш оҷиз аст наметарсад ва ғаме ҳам аз вуҷуди ту надорад.

Вуҷуди ту мисли як кишвар аст, ки нек ҳам дораду бад ҳам ва руҳи ту султони он кишвар ва ақли ту вазири ўст, ки дастуроти султон бо машварати ў содир мегардад. Ризо ба қисмат, парҳез аз ҳаром некмардон ва озодмардони ин кишваранд, ҳавою ҳавас, шаҳвату лаззатронӣ роҳзан ва кисабуррони ин мамлакатанд. Агар султон бо инсонҳои бад созиш кунад, осоишу оромӣ, амну амнияти некмардон салб ва нобуд мешавад, онҳо эҳсоси роҳат намекунанд. Дар айни ҳол, инсонҳои бадсиришт ва пастфитрат сарбаланд мешаванд ва бо майли тамом дар шаҳр ошўб барпо мекунанд, машғули ҳирсу тамаъкорӣ мегарданд.

Шаҳват, лаззатпарастӣ, ҳирс, кинатўзӣ ва ҳасад дар вуҷуди ту мисли хун дар рагҳои ту ва мисли ҷон дар пайкари туст. Ҳушёр бош, инҳоро парвариш макун, ки агар қавию тавоно шаванд туро ба бадкорӣ мекашанд ва аз итоати ту сарпечӣ мекунанд, ба сухани ақли ту гўш намедиҳанд. Ту бояд ақлатро мавриди иноят ва парвариш қарор диҳӣ, чун агар ҳавою ҳавас сарпанҷаи ақлро тез бинанд аз ўҳдаи муқовимат ва ситез барнамеоянд ва наметавонанд бар ў чира гарданд.

Раис ва сардор агар ба душманаш сиёсат накунад, душманҳо ўро намегузоранд, ки риёсат кунад, зуд ўро аз байн мебаранд.

Хулоса дар ин мавзўъ намешавад зиёд сухан гуфт, ки гуфтаанд:

Чӣ ҳоҷат дар ин боб гуфтан басе,



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 next