Таърихи ислом аз замони ҷоҳилият то реҳлати Паёмбар(с)



Бо он ки ҳамзамон бо зуҳури Ислом оини ғолиби араб бутпарастӣ буд, дар гӯшаву канори Арабистон пайравони оинҳо ва оинҳои мухталифе ҳамчун: масеҳият, яҳудият, ҳанифият, монавӣ ва мазҳаби соибӣ ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Бинобар ин мардуми Арабистон аз оини воҳиде пайравӣ намекарданд. Ҳар як аз оинҳо ва оинҳои мавҷуд низ холӣ аз ибҳому тирагӣ набуд. Бинобар ин навъе сардаргумӣ ва хастагӣ аз адёни мавҷуд ҳукмфармо буд. Дар идома дар бораи ҳар як аз оинҳову адёни он рӯз ба иҷмол тавзеҳ хоҳем дод.

Парастиши ҷинну ва фариштагон

Гузашта аз пайравони оинҳое, ки ёд кардем, гурӯҳе аз мардуми Арабистон низ ҷин ва фариштагонро парастиш мекарданд. Абдуллоҳ ибни Забъарӣ - яке аз сарони Макка - мегуфт: «Мо фариштагонро мепарастем, яҳуд Узайрро ва масеҳиён Исоро мепарастанд, аз Муҳаммад бипурсед: Ҳамаи мо бо ин маъбудҳо ба ҷаҳаннам меравем?!»(1)

Бану Малеҳ, ки шохае аз қабилаи Хузоа буданд, ҷинро мепарастиданд.(2) Гуфта шудааст, ки нахустин касоне, ки ҷинро парастиданд, гурӯҳе аз мардуми Яман ва сипас қабилаи «Бани Ҳанифа» буданд ва пас аз онҳо ба тадриҷ дар миёни араб густариш ёфт.(3) Ба гуфтаи бархе аз муфассирон гурӯҳе мӯътақид буданд, ки Худованд бо ҷинниён издивоҷ карда ва фариштагон самараи ин издивоҷ мебошанд!(4) Худованд дар Қуръон парастиши ҷин ва фариштагон ва бовари нодуруст дар бораи ононро накӯҳиш мекунад:

Ва барои Худо шариконе аз ҷин қарор додаанд ва ҳол он ки Худо онҳоро офаридааст... (5)

Рӯз (-и қиёмат) Худованд ҳамаи ононро бармеангезад ва сипас ба фариштагон мегӯяд: Оё инон шуморо мепарастиданд? Фариштагон мегӯянд: Пероставу муназзаҳӣ (аз ин ки ҳамтое дошта бошӣ), валии мо танҳо Туӣ на онҳо, балки ҷинро мепарастиданд ва бештарашон ба онҳо имон доштанд. (6)

Равшан аст, ки ин савол ҷанбаи истифҳомӣ ва кашфи маҷҳул надорад, зеро Худованд ба ҳамаи чиз олим аст, балки ҳадаф аз ин савол ин аст, ки ҳақоиқ аз забони фариштагон баён шавад, то ибодаткунандагони онҳо сарафканда шаванд. Ва низ аз посухи фариштагон равшан мешавад, ки онон ба парастиши хеш аз тарафи гурӯҳе аз инсонҳо розӣ набуданд, вале аҷинна ба ин амр розӣ буданд.

Дар ҳар ҳол парастиши ин ду даста аз мавҷудоти номаръӣ бешабоҳат ба оинҳои санавӣ набуд, зеро онон аҷиннаро маншаи шарру озор ва фариштагонро сарчашмаи нуру раҳмату баркат мепиндоштанд.

Баъзе аз аъроб вақте, ки шабона ба даррае ворид мешуданд, мегуфтанд: «Аз шарри сафеҳони ин сарзамин ба бузургу раиси онҳо паноҳ мебарам!» (7) ва ақида доштанд, ки бо гуфтани ин сухан бузурги аҷинна онҳоро аз шарри сафеҳон ҳифз мекунад, муаййиди ин маъно сухани Парвардигор дар Қуръон аст:

وَأَنَّهُ كَانَ رِجَالٌ مِّنَ الْإِنسِ يَعُوذُونَ بِرِجَالٍ مِّنَ الْجِنِّ فَزَادُوهُمْ رَهَقًا



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 next