Розе аз “Усваи некў”



Акрамхони Зиёдуллоҳ

Худованд Паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам)-ро дар Қуръон ба унвони усваи некў ва намунаи инсони комил зикр намуда ва моро ба пайравӣ аз рафтору гуфтори эшон ташвиқ намудааст. Бинобар ин барои ҳар як мусалмон зебанда аст, ки ҳамаи рафтору гуфтори Паёмбари бузурги исломро мавриди баррасӣ қарор диҳад... Зеро ин суол ҷой дорад, ки оё ин чӣ сиррест, ки Худованди Ҳаким бандагонашро ба пайравӣ аз паёмбараш ва аҳли байти ў  фаро хондааст?

Дар ин навиштори кўтоҳ саъй шудааст то ба гўшае аз зиндагии ин хонадони бузург нигоҳе андохта ва посухе ҳарчанд мухтасар ба суоли боло дошта бошем...

Рўзе ҳазрати Салмони Форсӣ(р) вориди хонаи Фотимаи Заҳро (р) гардид ва чашмаш ба дастони ҳазрати Фотима афтод, ки дар ҳоли чархондани осиёби дастӣ буданд ва аз зарби кор дастони муборакашон хунӣ гашта буд ва ходими ҳазрати Заҳро - Физза низ он ҷо ҳозир буд.

Ҳазрати Салмон бо тааҷҷуб ба Фотима(р) гуфт:

- Барои чӣ аз Физза, ки ходими ин хона аст кўмак намегиред ва худро ба машаққат андохтаед.

Ҳазрати Фотима(р) фармуданд:

- Ман ба ин хотир аз Физза кўмак намегирам, ки падарам – Расули Худо(с) фармудаанд, як рўз ман бояд корҳои хонаро анҷом диҳам ва як рўз навбати Физза аст, ки корҳои хонаро анҷом диҳад. Ва имрўз ҳам навбати ман аст...

Дар ин достони мухтасар паёмеро дармеёбем, ки ба мо мегўяд, бо ходим ва корманди худ рафтори некў дошта бош, бо онҳо ба мулоимат ва мурувват рафтор намо...

Ин ҳамон андешаест, ки ҳазору чаҳорсад сол қабл Расули гиромии Ислом аз тариқи духтарашон ба мо расондаанд ва қатъан на танҳо баъд аз ҳазору чаҳорсад соли дигар, балки баъд аз ҳазору чаҳорсад миллион соли дигар ҳам кўҳнагӣ нахоҳад дошт ва ҳамеша ба тозагии худ боқист. Аз онҷо ки фармоишоти Паёмбари азиз аз манбаи ваҳй сарчашма мегирад ва аз сўи Офаридгор сарозер мегардад, дастуроти ҷовидонӣ, мояи саодат ва ҳидояту растгории инсон мебошад ва Паёмбар(с) шахсияте буд, ки бо вуҷуди худ ин роҳро барои башар равшан сохтааст...



1 next