42 – Олами барзах




Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99

Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103

[1]

Мо эътиқод дорем: Дар байни ин дунё ва дунёи охират, дунёи дигаре ба номи барзах аст, ки арвоҳи ҳамаи инсонҳо пас аз марг то рўзи қиёмат дар он қарор мегиранд.

"وَمِن وَرَائِهِم بَرْزَخٌ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ"

“Ва пушти сари онҳо (пас аз марг) барзахе аст то рўзи қиёмат”.[2]

Албатта аз ҷузъиёти он дунё низ огоҳии зиёде надорем ва наметавонем дошта бошем, ин қадар медонем, ки арвоҳи некон ва солеҳоне, ки дар дараҷаҳои боло қарор доранд (монанди арвоҳи шаҳидон) дар он дунё, аз неъматҳои фаровоне истифода мебаранд.

"وَلاَ تَحْسَبَنَّ الَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ اللّهِ أَمْوَاتًا بَلْ أَحْيَاءٌ عِندَ رَبِّهِمْ يُرْزَقُونَ"

“Ҳаргиз гумон мабар, касоне, ки дар роҳи Худо кушта шуданд мурдагонанд, балки онҳо зиндаанд ва дар назди Парвардигорашон ризқ мехўранд”.[3]

Ва низ арвоҳи золимон ва тоғутҳову ҳомиёни онҳо дар он ҷаҳон дар азобанд, ҳамон гуна ки Қуръон дар бораи Фиръавн ва оли Фиръавн мегўяд:

"ألنّارُ يُعْرَضُونَ عَلَيْها غُدُوّاً وَعَشِيّاً وَيَوْمَ تَقُومُ السّاعَةُ أدْخُلُوا آلَ فِرْعَوْنَ أَشَدَّ الْعَذابِ"

“Азоби онҳо (дар барзах) оташ (-и дўзах) аст, ки ҳар субҳу шом бар онҳо арза мешавад ва рўзе, ки қиёмат барпо шавад (мефармояд) оли Фиръавнро дохили сахттарин азобҳо кунед!”[4]

Вале гурўҳи сеюме, ки гуноҳони камтаре доранд ҷузъи ин дастаанд ва на ҷузъи он даста ва машмули ҳеҷ кадом аз азоб ва кайфар нестанд, гўё дар ҷаҳони барзах дар ҳолати шабеҳ ба хоб фурў мераванд ва дар растохез бедор мешаванд.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 next