Умед ба оянда ва нақши он дар зиндагии башар



Агар умед набошад, ҳеҷ мавҷуде талош ва кушиш намекунад ва агар умед набошад хеҷ модаре фарзандашро шир намедиҳад ва нороҳатиҳо ва ранҷҳоро барои парвариши ӯ таҳаммул намекунад ва агар умед дар руҳи инсон набуд хеҷ инсони дигареро дӯст намедошт ва муҳаббату талоши байни инсонҳо лаҳзае буду бас. Ҳазрати Расули Акрам (с) дар маврди ин сифати ҳаёти ва муҳим мефармоянд: умед ва орзу барои уммати ман раҳмат аст ва агар умеду орзу набуд, ҳеҷ модаре фарзандашро шир намедод ва ҳеҷ боғбоне ниҳоле намекошт.

Инсон дорои шуур, эҳсос ва рӯҳи латифу ҳақталаб мебошад, аз ин ру дар миёни махлуқот, танҳо уст, ки роҳи зиндагиашро интихоб мекунад ва ояндаи заррину равшане барои худ рақам мезанад ё асири шаҳват ва бадбахти мешавад.

Дар ин миён яке аз сифатҳое, ки хели муҳим аст барои идомаи ҳаёт инсон сифати умед аст.

Ин сифат нақши таъинкунандае дар ҳаёти саъодатмандонаи инсон дорад. Ин умед аст, ки идомаи ҳаёт ва зиндагии саршор аз талош ва кушиш барои ҳар мавҷуде аст.

Агар умед набошад, ҳеҷ мавҷуде талош ва кушиш намекунад ва агар умед набошад хеҷ модаре фарзандашро шир намедиҳад ва нороҳатиҳо ва ранҷҳоро барои парвариши ӯ таҳаммул намекунад ва агар умед дар руҳи инсон набуд хеҷ инсони дигареро дӯст намедошт ва муҳаббату талоши байни инсонҳо лаҳзае буду бас. Ҳазрати Расули Акрам (с) дар маврди ин сифати ҳаёти ва муҳим мефармоянд: умед ва орзӯ барои уммати ман раҳмат аст ва агар умеду орзу набуд, ҳеҷ модаре фарзандашро шир намедод ва ҳеҷ боғбоне ниҳоле намекошт.

Аз лиҳози равоншиносӣ ҳам собит шуда, ки афсурдатарин, шикастхурдатарин ва бемортарини инсонҳо, инсонҳои ноумед ҳастанд ва равонковӣ байни инсонҳо мегӯяд равони инсон пайваста бо умеди пайвандхӯрда аст, ки ганҷи беназир дар дарунаш аст ва ҳар лаҳза, ки умедашро аз даст бидиҳад, равонаш мурда аст.

Агар ҳар инсоне ба ин меандешид, ки дақиқае дигар мемирад ва зоҳиран тамом мешавад ва умеде ба ҷаҳони дигар ва оянда надошт, дигар ҳадаф ва ангезаи барои идомаи ҳаёт намедошт ва шояд яке аз розҳои махфӣ будани марги ҳар кас ва поёни умр ин аст, ки чароғи гаронбаҳо ва пурфуруғи умеду орзу дар дили инсонҳо хомуш нашавад ва пайваста барои лаҳзаҳо ва сооту солҳо ва умре беҳтар талош кунад ва умедвор бошад.

Умеди ишқ ба оянда ва рузҳои хуш, танҳо омилест, ки инсонро талошгару пурковиш сохтааст.

Таҳқиқан инсони ноумед на танҳо инсонҳои атрофашро дӯст намедорад, балки аз худ низ безор аст ва ба ин меандешад ки чаро мутаваллидшуда, барои чи ба ин ҷаҳон по гузошта ва ҳамин чароҳо ва чароҳои дигар гоҳе решаи куфр аст.

Агар инсон ба Худо ва кароматаш умедвор набуд, ҳаргиз наметавонист Худояшро парастиш кунад ва некукор бошад. Касе ки ба Худованд умедвор набошад, аз ӯ тарсе надорад ва монее барои гуноҳ кардан намебинад ва ҷаҳони бе умед ҷаҳони пасту пуч аст. Барои таҳарруки бештари гуруҳҳои иҷтимоии хонавода, бояд умедворӣ ва руҳияи муқобила бо шикасту талошро дар онон густариш дод.



1 2 next