Итъоми аҳлу аёл



Садақа аз сифоти каримон ва яке аз сифоти барҷастаи Расули Акрам(с) аст ва дар ривоёт садақа ба маънои ҳар хидмат ва мушорикате бо мӯъминон мебошад. Садақа додан хушнудии Худо ва расулашро ба ҳамроҳ дорад ва низ шодии мардумро ба армуғон меоварад, садақа боиси дафъи мараз ва бало аз зиндагии инсон мешавад ва неъматҳои биҳиштиро барои садақадиҳанда замонат мекунад ва мӯҷиби баракати умр ва сарвати мӯъмин аст.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Он чӣ аз таом, ки худ мехўрӣ садақа аст ва ҳар чӣ ба ҳамсару фарзандон ва хидматгору шогирдонат мехўронӣ, низ бароят садақа ҳисоб мешавад».

Ва дар ҳадиси дигаре фармудаанд:

«Ҳар чӣ шахсе бар ҳамсару фарзанд ва аҳли байташ инфоқ кунад садақа ба ҳисоб меояд».

Рўзе Паёмбар ба асҳоби худ фармуд: «Садақа диҳед!»

Шахсе бархост ва арз кард, ки ман диноре пул дорам.

Фармуданд:

«Онро барои худат харҷ кун».

Гуфт:



1 2 next