Усули тарбияти исломӣ



Тарбияти ахлоқӣ

Одоби писандида ва ахлоқи исломӣ дар воқеъ бистар ва арсаи диндорӣ ҳастанд. Дар ривояте омада аст, ки: “Ахлоқ зарфи дин аст”. Ҳамчунин ахлоқи хуб ва саҳеҳ, пояти сириштҳо ва табиатҳо ва ибодат ва заминаи рушду такомули шахсияти инсон ва нишонаи ҳидоят ва парҳезгорӣ ва илтизоми саҳеҳ ба масъулиятҳои шаръӣ баргирифта аз Қуръон аст. Бархе аз боарзиштарин ва муҳимтарин масъулиятҳои ахлоқӣ иборатанд аз: Садоқат ва сароҳат дар гуфтор, амонатдорӣ, оромиш ва бурдборӣ, иффати забон, покии дарун аз иқду кина ва парҳез аз рафторҳо ва ахлоқи бад. Расули Худо(с) фармудааст: “Ба кӯдакони худ эҳтиром бигзоред ва ба хубӣ онҳоро тарбият кунед.” Ҳамчунин мефармоянд: “Ҳеҷ ҳадияе аз тарафи волидайн барои кӯдакони худ беҳтар аз тарбияти хуб нест.”

Хайр ва баракати хушахлоқӣ дар таййи зиндагӣ, инсонро танҳо нахоҳад гузошт ва ӯро барои дастёбӣ ба ҳама фазоил тарғиб хоҳад кард ва барои расидан ба қуллаҳои диндорӣ           ёрӣ хоҳад намуд. Дар ривояте, ки ҳар чандсанади он заиф аст, омада: “Хуш ахлоқӣ боиси ба даст овардани хайри дунё ва охират хоҳад шуд.”

Меъёри фарқ миёни ҳусни ахлоқ ва бадии ахлоқ ба равише, ки Расули Худо(с) дар пеш мегирифт, ба кӯдакон омӯзиш дода шавад. Эшон мефармояд: “ Хайр ва некӣ дар ҳусни ахлоқ аст ва гуноҳ он аст, ки дил нописандаш шуморад ва нахоҳад,ки мардум аз он оғоз шаванд”. Хубӣ ва хайри воқеӣ дар ибодати Худованд ва хидмат ба мардум қарор дорад. Онҳое, ки аҳли ахлоқи писандидаанд, ба ин башорати Расули Худо(с) бояд хушҳол бошанд, ки чунин фармудаанд: “Маҳбубтарини шумо онҳое ҳастанд, ки аз ахлоқи беҳтаре бархӯрдоранд ва сабру тавозӯи бештаре доранд ва бо дигарон улфат варзанд ва дигарон онҳоро низ дӯсташон медоранд ва мабғузтарини шумо назди ман одамҳои суханчинанд, ки миёни дӯстон душманӣ эҷод мекунанд ва аз пайи айбтарошӣ барои ашхоси бегуноҳанд.”

Ҳамчунин усули ҳусни ахлоқ иборатанд аз: Рафтору гуфтори дуруст бо падару модар, риояти адаб ва эҳтироми хонавода ба бародар он ва дӯстону ҳамсоягон ва бо ҳама мардум дар маҳалли кор ва кӯчау хиёбон ва амокини умумӣ ва ғайрааст.

Тарбияти маънавӣ

Волидайн бояд ба ин бахш аз тарбият эҳтимоми бештаре биварзанд, зеро ин навъ аз тарбият заминасози рушди эҳсосоту авотиф, таҳзибу тазкия ва шаффофияти онҳост ва боиси рушди шахсияти кӯдакон мегардад ва аз тарафи дигар, тарбияти маънавӣ ва рӯҳонӣ боиси бузургии нафс, сафои рӯҳ ва саломати ҷони ӯ аз анвои бемориҳо ва разоили ахлоқӣ мегардад ва оромиш ва осудагиро барои ӯ ба армағон меоварад. Илова бар ин, чунин тарбияте тарси аз Худованд ва тафаккур дар азамат ва идроки асрори офариниш ва илтизом ба авомири ӯро дар онон тақвият хоҳад намуд. Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд: “Мӯъминони воқеӣ, танҳо касоне ҳастанд, ки ҳар вақт номи Худо бурда шавад дилҳояшон ҳаросон мегардад (ва дар анҷоми некиҳо ва хубиҳо бештар мекӯшанд) ва ҳангоме ки оёти Ӯ барояшон хонда шавад бар имонашон афзуда мешавад ва ба парвардигори худ таваккул менамоянд.” (Анфол, ояти 2)

Фаслномаи Оина; Алӣ Раҳмат