Тарбияти беҳдоштӣ



Яке аз хусусиятҳои хонаводаи мусулмон, бархӯрдории афроди он аз саломати ҷисмӣ ва рӯҳист, зеро риояти беҳдошт ва назофат яке аз шиорҳои Ислом аст ва ҳама мусулмононро ба риоят покӣ дар ҷисм, либос, маскан, маҳалли кор ва гузаргоҳои умӯмӣ ва ғ. фаро мехонад ва ононро ба риояти муқаррароти хосси инсонӣ, монанди: гирифтани нохун, кандани мӯӣ бағал, тарошидани мӯӣ шармгоҳ, шустани дастҳо қабл ва баъaд аз хурдани таом, мисвок задан, гардондани об дар даҳону бинӣ ташвиқ намудааст. Ҳамчунин, дар муносибатҳои мухталифе монанди: Ислом мардумро дар рӯзҳои ҳаҷ, рӯзҳои ид ва иштирок дар иҷтимоот ва ба ҳангоми маносики ҳаҷ, ки ҳадди ақал як бор дар ҳафта бояд оббозӣ намуд, ба ғусл ва назофат даъват намудааст.

Ҳамчунин, фаолиятҳои варзишӣ ва парҳез аз пурхӯрӣ ва гуфтани “بسم الله الرحمان الرحیم” дар оғоз ва “الحمدالله” баъд аз сарфи ғизо, муроҷиа ба пизишку мутахассис ва парҳез аз бемориҳои гузаранда, монанди ҷузом, сил ва тоун барои саломатӣ ва тандурустии ҷисмӣ, бисёр муфид хоҳад буд, зеро Расули Худо(с) мефармояд: “Ҳар дардеро дармонест. Ҳар гоҳ доруе барои дарде дуруст ташхис дода шавад, бар асоси суннат ва ризояти Худованд онро беҳбудӣ хоҳад бахшид.”

Ҳамчунин, Расули Худо(с) фармудааст: “Ҳайвоноти бемор ва ҳайвоноти солимро бар сари як обишхӯр ҷамъ накунед.”

Бархе аз дастуроти беҳдоштӣ ва пешгирона дар Ислом иборатанд аз: хобидан бар тарафи рост, хобидан пас аз намози хуфтан, саҳархезӣ барои намози субҳ ва омода шудан барои рафтан ба сари кор. Дар ин замина барои огоҳӣ аз одоби тиббӣ ва беҳдоштӣ дар суннати Расули Худо(с) лозим аст ба тибби набавӣ, ки беҳтарин марҷаи он китоби “Зодул маод” Ибни Қайими Ҷузия аст, муроҷиа шавад.

Tojikon