Осон бигир ва сахт магир!



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Вақте ҳазрати Паёмбар (с) саҳобии бузургвор Маъоз ибни Ҷабал (р)-ро барои даъват ва таблиғи мардум ба Яман фиристод, ба ӯ чунин тавсия кард: “Ё Маъоз! Башшир ва ло тунаффир, яссир ва туъассир”, яъне эй Маъоз! Ҳангоми даъват ва таблиғи мардум ба сӯи ислом, таъкиди ту рӯи башорат ва мужда додан ва тарғиби онон бошад, на эҷоди нафрат. Коре кун, ки мардум мазоёи исломро дарк кунанд ва аз рӯи майлу рағбат ба ислом гароиш пайдо кунанд. Коре накун, ки мардумро аз ислом фирор бидиҳӣ ва мутанаффир созӣ. Ва ҳамчунин бар онон осон бигир ва сахт магир.

Башорат ва мужда додан, аз мақулаи ташвиқ аст. Масалан, агар шумо бихоҳед фарзанди худро водор ба як кор кунед, пеши рӯи шумо ду роҳ ҳаст: яке, роҳи ташвиқ ва навид, ки масалан вақте мехоҳед ӯ ба мадраса биравад, шурӯъ мекунед ба ёдоварии осор ва фавоид ва натоиҷе, ки мадраса рафтан дорад, то майлу рағбати ӯ барои ин кор таҳрик бишавад ва руҳаш мутамойил ба ин кор гардад ва ба он сӯ кашида шавад. Ва роҳи дигар ин ки ба наҳве ӯро битарсонед, ки агар мадраса нарафтӣ, бо ту ин мекунаму он мекунам, масалан кутакат хоҳам зад.

Руҳи инсон фавқулода латиф аст, гоҳе баъзе аз даъватҳо ва таблиғҳо на танҳо фоидае надоранд, балки мардумонро фирор медиҳанд. Дар хабар аст, ки ду ҳамсоя буданд яке мусалмон ва дигаре масеҳӣ, ки гоҳе бо ҳам дар бораи ислом сӯҳбат мекарданд. Мусалмон, ки марде мутадайин ва обиде буд, он қадр аз ислом таъриф ва тавсиф кард, ки ҳамсояи масеҳияш ба ислом мутамойил шуд ва исломро қабул кард.

Фардои он рӯз, пеш аз ин ки ҳатто вақти намози бомдод фаро бирасад, масеҳии тозамусалмон дид дари хонаашро мекӯбанд. Ҳайрон ва нигарон пурсид:

- Кистӣ?

Аз пушти дар садо баланд шуд:

- Ман фалон шахс ҳастам, ҳамсояи мусалмони ту!

- Дар ин вақти шаб чӣ кор дорӣ?

- Зуд вузӯ бигир ва ҷомаатро бипӯш, ки биравем масҷид барои намоз.



1 2 3 next