Гӯшае аз одоби никоҳ бар асоси ривоятҳои исломӣ



Дини мубини ислом, дине ҷомеъ ва комиле аст ва дар тамомии ҳавзаҳои зиндагӣ сухан гуфта. Аз ҷумла, дар заминаи одоби никоҳ ва заношӯӣ ривоятҳои фаровоне аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ворид шудаанд. Чӣ некӯст мусалмон бо онҳо ошно ва дар зиндагӣ бар асоси он раҳнамудҳо пеш биравад.

Дар ин навиштор бар он шудем то порае аз ривоятҳои ворида дар мавзӯи одоби нигоҳ ва занушавҳариро пешкаши хонандагони гиромӣ намоем.

Интихоби замони хуҷаста

1. Паёмбари Худо (с): “Мустаҳаб аст никоҳ кардан дар моҳи Рамазон, зеро дар ин моҳ, умеди баракат меравад.”

2. Паёмбари Худо (с): “Рӯзи ҷумъа, рӯзи хостгорӣ ва никоҳ кардан аст.”

Ошкор баргузор кардани никоҳ

1. Паёмбари Худо (с): “Никоҳро ошкору аланӣ баргузор кунед.”

2. Дар ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) аз никоҳи пинҳонӣ наҳй фармуд. Боре аз сӯи яке аз хонаҳои ансор садои даф шунид. Пурсид: чӣ хабар аст? Гуфтанд: эй Паёмбари Худо! Фалонӣ домод шудааст. Фармуд: Худоро шукр! Никоҳро аланӣ созед! Никоҳро ошкор созед!”

Ҷашн гирифтан

1. Паёмбари Худо (с): “Никоҳро ошкоро ва дар масоҷид баргузор намоед ва барояш даффу доира бизанед.”



1 2 next