Осори имон



Ҷомеа барои ин ки битавонад ба як иҷтимои башарии мутамаддин ва пешрафта табдил ёбад ба чанд неру ва унсури созанда ниёз дорад. Агар ҷомеа ин унсурҳои асосиро надошта бошад, наметавонад ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта шавад, то мардумро ба як зиндагии олӣ бирасонад. Аз ҷумла унсурҳое, ки метавон барои беҳтар шудани ҷомеа зикр намуд инҳо ҳастанд:

1. Хонаводаи солим.

Аввалин унсуре, ки дар беҳбуди ҷомеа таъсири фаровон дорад, ин хонаводаҳо мебошанд. Хонавода аст, ки фарзандашро бо тарбияти солими худ ба ҷомеа таҳвил медиҳад.

2. Муҳити солим.

Аз дигар унсур, ки дар пешрафти ҷомеа нақши муҳим ва асосӣ дорад, муҳити солим мебошад. Агар муҳит дорои заминаҳои ҷурму ҷиноят бошад, наметавонад ба як ҷомеаи хуб табдил шавад.

3. Имон.

Унсури таъсиргузори дигар дар як ҷомеа имон аст, ки ин навиштор ба дунболи исботи ҳамин матлаб мебошад.

Таъсири имон дар ҷомеа чист? Нақши имон дар ҷомеа чигуна аст?

Имон боиси амнияти ҷомеа

Маънои луғавии имон, “ормиши нафс, дурӣ аз тарсу ҳарос” мебошад. (Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадот, с. 43, вожаи амана). Калимаи амният низ аз ҳамин реша аст. Гуфта мешавад, ки фалон шаҳр амният дорад, ба ин маъност, ки ҳамаи сокинони он дар оромиши комил ба сар мебаранд ва он шаҳр холӣ аз роҳзанон ва дуздону одамкушон аст.



1 next