Тавба ва роҳи дуруст



Эй он ки умрат ба 70 расид, магар хобида будӣ, ки ҳамаи ин умрро барбод додӣ ва ҳамеша машғули дунё шудӣ ва барги дар дунё будан ва зиндагӣ карданро сохтӣ, вале тадбири аз дунё рафтанро накардӣ ва лаҳзае дар фикри охират зеҳнатро машғул нанамудӣ. Рўзи қиёмат, ки ҳама колои худро дар бозор арза хоҳанд кард, мақому мартабаи биҳиштро дар баробари амалҳои хуб медиҳанд.

Бизоати ту, ки амали солеҳ аст ҳар чӣ бештар бошад, баҳраи ту ҳамон андоза зиёдтар хоҳад буд ва агар дар дастат чизе надошта бошӣ ва дасти холӣ омада бошӣ, ғайр аз шармандагӣ ва шармсорӣ чизи дигаре насиби ту нахоҳад шуд. Чун ҳар чӣ бозор пуртар ва колоҳо марғубтар бошад дили инсони дастхолӣ парешонтар мешавад. Аз панҷоҳ тангаат панҷ танга кам шавад дилат месўзад ва гирифтори сарпанҷаи ғам мешавӣ. Оё аз умри ту, ки панҷоҳ солаш гузаштааст нороҳат нестӣ ба андозаи панҷ танга, ки ғамашро мехўрӣ, ғам намехўрӣ? Ҳадди ақал ин панҷ рўзе, ки аз умрат боқӣ мондааст ғанимат шумор. Агар марди мискине, ки аз дунё рафтааст забон медошт ва метавонист сухан бигўяд ту фарёду нола ва пушаймонии ўро мешунидӣ ва медидӣ. Онҳо бо забони ҳол ба мо мегўянд, ки эй зиндаҳо, имрўз, ки имкони гуфтанро доред лабатронро аз зикр гуфтан мабандед ва мисли мурдагон хомўш нашинед. Байт:

Чу моро ба ғафлат бишуд рўзгор,

Ту боре даме чанд фурсат шумор.

Ҳикояти як хотира аз даврони ҷавонӣ

Дар даврони ҷавониам, ки ҳама чиз дар комам ширин буд ва аз неъматҳо лаззат мебурдам шабе бо ҷавонон гирди ҳам нишастем ва мисли булбул ғазалсароию мисли гул ханда мекардем ва аз хандаву шўхӣ дар гирду атрофамон ғулғула меафкандем. Дар канори мо як мўйсафеди ҷаҳондида, ки аз гузашти рўзгор мўи мисли шаб сиёҳаш мисли рўз сафед шуда буд, менишаст ва мисли фундуқ даҳонаш баста буд, ҳарф намезад ва мисли мо чун пистаи хандон лабаш аз ханда боз намешуд. Яке аз ҷавонҳо назди он пир рафт ва ба ў гуфт, ки эй пирамард, чаро дар кунҷи танҳоӣ нишастаӣ ва ранҷ мекашӣ, биё чанд нафасе саратро аз гиребони ғам берун кун ва бо дили ором ва дур аз ғам бо ҷавонон бинишин ва хушгузаронӣ кун.

Пирамард сари солхўрдаашро баланд кард ва ба ҷавон як нигоҳе андохт ва ҷавоб дод. Бубин чӣ ҷавоби пирона дод, ки дар ҳақиқат шуниданӣ ва қобили таваҷҷўҳ аст? Ў гуфт: «Боди сабо ва насими баҳор барои навниҳолони гулистон хуб аст ва ин дарахтони ҷавон аз вазидани бод мехироманд ва садо мекунанд. То замоне, ки дарахт ҷавону сарсабз аст аз боди сабо нашъат мегирад ва сафо мекунад, вале вақте ки пир шуд ва сарсабзиаш ба зардӣ мубаддал гашт, ин бод сабаби шикастани он дарахт мешавад. Дар фасли навбаҳор дарахти бедмишк шурўъ мекунад ба сарсабз шудан ва борвар мешавад, вале дар айни ҳол дарахтони кўҳансол дар ин замон барги хушк мерезанд ва рў ба завол меоранд.

Ба мани пир намезебад, ки бо ҷавонон ҳамнишин шавам ва мисли онҳо хушгузаронӣ ва хандаю шўхӣ кунам. Ин субҳи пирӣ, ки бар чеҳраи ман дамидааст ба ман ин иҷозатро намедиҳад ва ман медонам, ки кори ҷавононро кардан барои пирон бисёр бад ва аз ях сардтар аст.  Ҷони ман мисли шаҳбози баландпарвоз дар қайди банд аст ва ҳар лаҳза мехоҳад сари риштаро боз кунад ва аз қафаси бадан парвоз намояд. Байт:

Шуморост навбат бар ин хон нишаст,

Ки мо аз танаъум бишустем даст.



1 2 3 4 next