Тавҳид аз нигоҳи аҳли байти Паёмбари Акрам (с)



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба иттифоқи мусалмонон, танҳо касоне, ки аз сӯи Паёмбари Акрам (с) ба унвони ҳамроҳони Қуръони Карим – ба гунае ки ҳаргиз аз ин китоби илоҳӣ ҷудо нахоҳанд шуд - муаррифӣ ва бар пайравӣ аз онҳо таъкиди фаровон шудааст, ин аҳли байти Паёмбари Акрам (с) мебошанд. Паёмбари Акрам (с) дар ҳадиси саҳеҳ ва маъруф фармудаанд: “Наздик аст (ба сӯи Парвардигорам) даъват бишавам ва ман иҷобат бигӯям, ман дар миёни шумо ду чизи гаронбаҳо мегузорам; ки яке аз он ду, бузургтар аз дуввумӣ аст: китоби Худо (Қуръони Карим) ва Аҳли Байтам. Пас, бингаред, ки маро дар мавриди ин ду мотарак чӣ гуна халаф хоҳед буд? (Бидонед, ки) ин ду (Қуръон ва Аҳли Байт) ҳаргиз аз ҳам ҷудо нахоҳанд шуд то бар ҳавз бар ман ворид шаванд.”(1)

Ҳол, пайравӣ аз Аҳли Байт (а), ба иддао ва ин ки мо дунболарави онҳо мебошем нест, балки бо пайравӣ ва табаият аз гуфтор ва кирдори онҳост. Дар ин навиштор бар он шудам, то муруре бар гуфтори Аҳли Байти Паёмбари Акрам (с) дар мавриди тавҳид – меҳваритарин масъала дар ислом – бикунам. Албатта, дар оғоз таърифе мухтасар аз тавҳид ва чистии он ироа хоҳам кард.

Тавҳид чист?

Тавҳид”, вожае аст арабӣ, ки дар луғат ба маънои “яке донистан ва якто шумурдан” ба кор меравад, ва аммо дар истилоҳ ва фарҳанги исломӣ, дар ду замина (андеша ва амал) корбурд дорад:

1. Тавҳид дар андеша иборат аст аз: “эътиқоди қатъӣ ба яктоии Худованд дар зот, сифот ва афъол”;

2. Агар ин эътиқод дар аъмоқи қалби одамӣ реша давонад, ба аъмолу рафтору ӯ сибға ва ранги хоссе мебахшад, ва ба таъбире, кирдори ӯ низ тавҳидӣ ё муваҳҳидона мегардад. Бинобар ин, мақсуд аз тавҳид дар амал, рафтори муваҳҳидона аст; яъне одамӣ дар бархӯрд бо Худованди Мутаол, ба гунае амал мекунад, ки хостгоҳи эътиқод ва андешаи тавҳидии ӯст. Масалан, инсон ибодат ва парастишро бар асоси эътиқоди тавҳидии худ ва ҳамоҳанг бо онҳо анҷом хоҳад дод; яъне танҳо Худованди Якторо мепарастад ва сар ба остони ӯ месояд ва аз парастишҳои “маъбудҳои дигар” худдорӣ меварзад.

Маротиби тавҳид

Тавҳид, чунон ки аз таърифи он мулоҳиза фармудед, маротибе чун тавҳид дар зот, сифот, афъол ва ибодат дорад. Дар ин навиштор танҳо ба баҳс пиромуни тавҳид дар зот ва сифот ва гуфтори Аҳли Байти Паёмбари Акрам (с) дар бораи онҳо хоҳам пардохт ва баҳс дар бораи тавҳид дар афъол ва ибодатро дар мақолае дигар мавкул хоҳам гузошт:

1. Тавҳид дар зот:



1 2 3 4 next