Муҳити тарбият



Дар тарбияти кӯдак ва навҷавон омилҳои зиёде аст, ки дар ӯ таъсир дорад. Яке аз ин омилҳо муҳите аст, ки кӯдак ва навҷавон дар он тарбият мешавад…

Муҳит ба авзоъ ва корҳои беруние гуфта мешавад, ки дар рушду такомул ё рафтори мавҷуди зинда асар дорад.

Муҳит худ чанд навъ аст; муҳити мустақим ва ғайримустақим, дохилӣ, баданӣ, табиӣ, хориҷӣ, иҷтимоӣ ва ғайра, ки манзури мо аз муҳит дар ин навиштор муҳити иҷтимоӣ аст, ки аз робитаҳои инсонҳо бо якдигар ба даст меояд ва аз домани падар ва модар оғоз мешавад ва то муҳитҳои омузишӣ ва иртиботҳои иҷтимоӣ густариш меёбад.(1)

Муҳити иҷтимоӣ худ ба се қисм тақсим мешавад:

1.МУҲИТИ ХОНА

Кӯдак ва навҷавон пеш аз ин ки ба мактаб ва ҷомеа қадам бигузорад, дар муҳити хона зиндагӣ мекунад. Иртиботи фарзанд, то синни ҳафт ва ҳаштсолагӣ бо хона махсусан волидайни вай аст. Дар ин муддат ҳар амале, ки падару модар анҷом медиҳанд дар зеҳни кӯдак нақш мебандад. Агар корҳо, рафторҳо, шеваи бархӯрд ва иртиботи волидайн бо якдигар ва фарзанди худ солим ва дуруст бошад, кӯдак ҳам солим ва хушахлоқ ба воя мерасад, чун кӯдак дар ин замон мунъакискунанда ва ё ба иборати дигар тақлидкунандаи рафтору гуфтори волидайни худ мебошад. Аз ин ҷиҳат рафтори солими падар ва модар беҳтарин тарбияткунанда аст ва нақши модар дар тарбият бештар аз падар мебошад.

Паёмбари Акрам (с) низ дар ин робита мефармояд:

(2).“کل مولود یولد عل الفطره. فابواه یهودانه او ینصرانه او یمسجانه

Ҳар навзоде худопараст таваллуд мешавад ин волидайни вай ҳастанд, ки ӯро ё яҳудӣ ва ё масеҳӣ ва ё маҷусӣ мекунанд.

Аз ин ривоят аҳамияти нақши волидайн дар тарбияти фарзанд мушаххас мешавад, яъне агар онҳо инсонҳои хуб, хушсухан ва хушрафтор бошанд, дар тарбияти фарзандашон таъсир дорад ва агар ғайр аз инҳо буд, фарзанд ҳам ғайрисолим тарбия хоҳад шуд.



1 2 3 4 next