Бахши сеюм



Қуръон ва китобҳои осмонӣ

24 – Фалсафаи нузули китобҳои осмонӣ

Мо ақида дорем: Худованд барои ҳидояти башар китобҳои осмонии бисёре фиристодааст, ки аз ҷумлаи онҳо Суҳуфи Иброҳим ва Нуҳ ва Таврот ва Инҷил ва аз ҳама комилтар Қуръони Маҷид аст. Агар ин китобҳо нозил намешуд, инсон дар роҳи худошиносӣ ва ибодати Парвардигор гирифтори хато мешуд ва аз усули тақво, ахлоқу тарбият ва қонунҳои иҷтимоии лозим бебаҳра мемонд.

Ин китобҳои осмонӣ мисли борони раҳмат бар саҳифаи дилҳо фурў рехт ва донаҳои тақво, ахлоқ, маърифатуллоҳ ва илму ҳикматро дар ниҳоди инсонҳо парвариш дод ва шукуфо сохт.

"آمَنَ الرَّسُولُ بِما أُنْزِلَ إِلَيْهِ مِنْ رَبِّهِ وَ الْمُؤْمِنُونَ كُلّ آمَنَ بِالله وَ مَلائِكَتِهِ وَ كُتُبِهِ وَ رُسُلِهِ"

“Паёмбар ба он чӣ аз сўи Парвардигораш бар ў нозил шудааст, имон оварда ва ҳамаи мўъминон (низ) ба Худо ва фариштагони ў ва тамоми китобҳо  ва фиристода-гонаш имон овардаанд”. [1]

 Ҳар чанд муттаасифона бар асари гузашти замон ва дахолати ҷоҳилон ва ноаҳлон, бисёре аз китобҳои осмонӣ, мавриди таҳриф [2] қарор гирифт ва бо афкори нодуруст омехта шуд, вале Қуръони Маҷид бо далелҳое, ки хоҳад омад, дастнахўрда боқӣ монд ва ҳамчун офтоб дар ҳамаи замонҳо медурахшад ва дилҳоро равшан месозад:

"قَدْ جاءَكُم مِنَ الله نُورٌ وَكِتابٌ مُبِينٌ يَهْدي بِهِ الله مَنِ اتَّبَعَ رِضْوانَهُ سُبُلَ السَّلامِ"

“Аз сўи Худо нур ва китоби ошкор ба сўи шумо меояд - Худованд ба баракати он касонеро, ки аз хушнудии ў пайравӣ мекунанд, ба роҳҳои саломат (ва саодат) ҳидоят мекунад”. [3]

* * *

25 – Қуръон бузургтарин мўъҷизаи Паёмбари
Ислом (с)

Мо ақида дорем: Қуръон муҳимтарин мўъҷизоти Паёмбари Ислом (с) аст, на танҳо аз назари фасоҳату балоғат ва ширинии баён ва расо будани маонӣ, балки аз ҷиҳатҳои мухталифи дигар низ дорои мўъҷиза аст, ки шарҳи он дар китобҳои ақоид ва калом омадааст.

Ба ҳамин далел ақида дорем: Ҳеҷ кас наметавонад монанди он ва ҳатто монанди як сураи онро биоварад. Қуръон борҳо ҳамаи касонеро, ки дар шакку тардид буданд, ба ин кор даъват кардааст, вале онҳо ҳаргиз товоноии муқобилият бо онро пайдо накарданд:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 next