Фазлуллоҳ ва густараи маорифи Қуръон



Оятуллоҳ Саййид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ (1354-1431.қ) низ аз донишвароне аст, ки дар даҳаҳои мутаволӣ дилбастаи қуръонпажӯҳӣ буд ва фурсати басо васее аз ҳаёти хешро дар хидмати Қуръон ниҳод. Ӯ дар бораи улқаи деринаи худ ба қуръонпажӯҳӣ чунин менигорад:

Саййид Аббоси Солеҳӣ

Фазлуллоҳ ва густараи маорифи Қуръон

Садаи ахир давраи мутамоизу мумтозе барои қуръонпажӯҳии шиӣ аст. Шояд натавон ҳеҷ давраи торихиро дар чаҳордаҳ қарни гузашта бо ин  мақтаъ муқоиса кард. Дар абъоди каммӣ, осори қуръонпаҷӯҳона, чандин баробари ҳар давра торихии пешин аст ва дар танаввуи мавзӯот, густараи мабоҳис, лояҳо, аъмоқи пардохт ва... низ ҷаҳиши чашмгире вуҷуд дорад.

Тафсирнигории тартибӣ дар ин сада, рушти музоафе дорад. Дар миёни нависандагони донишвари тафсир дар ин мақтаъ, номҳое фаровонеро метавон дид. Бузургону муҳаққиқоне монанди Сайид Нуриддини Арокӣ Муҳаммадӣ Наҳовандӣ, Сайид Ҳошими Мирдомодии Наҷафободӣ, Муҳаммад Ҷаводи Муғния, Сайид Муҳаммад Ҳусайни Ҳамадонӣ, Сайид Абдулалиӣ Сабзаворӣ, Ҳасани Мустафавӣ, дуктур Муҳаммадсодиқи Теҳронӣ, Носири Макорими Шерозӣ, Сайид Али Акбари Қурашӣ, Сайид Муҳаммадтақии Мударрисӣ, Мӯҳсини Қироъатӣ, ва нависандагони бузургвори дигар.

Асомии фавқ, номи касоне аст, ки тавфиқи нигориши як давра тафсири тартибии Қуръонро ёфтаанд, аммо ёдкарди номи касоне ки муваффақ ба итмом нашудаанд ё сураҳоеро, ки тафсир кардаанд, аз фурсати ин ҷустор берун аст.

Ҳамчунин бояд шукри ин неъмат буд, ки дар қуруни ахир, тафсири мавзӯоти Қуръон низ иртиқои ҷидди ёфтааст ва ҳазорон муаллифи Қуръон пажӯҳро метавон ёфт, ки дар мавзӯи вижае, аз китоби ваҳй истимдод ҷустаанд ва дидгоҳҳои Қуръониро дар меҳваре, тадвин ва ироа кардаанд.

Фазлуллоҳ ва қуръонпажӯҳӣ

Оятуллоҳ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ, низ аз донишвароне аст, ки дар даҳаҳои мутаволӣ дилбастаи қуръонпажӯҳӣ буд ва фурсате бас васеъ аз ҳаёти хешро дар хидмати Қуръон ниҳод. Ӯ дар бораи улқаи дерини худ ба қуръонпажӯҳӣ чунин менигорад:

«Мутавозиона мегӯям, ман ним қарн аст, ки бо Қуръон зиндагӣ мекунам. Бо тадрис, бо тафсир ва дар хитобаву минбар. Аз он гоҳ, ки дар Наҷафи Ашраф будам, дар ҳар мавзӯи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва андешагӣ, Қуръонро дар фаророҳи худ мениҳодам. Ба ин гуна , руҳу фалсафа ва андешаву фиқҳи ман бо Қуръон зистааст ва то кунун низ чунон будааст».



1 2 3 4 next