Паноҳ бар Худо!



Пайғамбари Худо(с) (ҳангоми тавофи Каъба, вақте ки) миёни "Рукни Ямонӣ" ва "Ҳаҷар-ул-Асвад" мерасид, инчунин дуо мехонд:

Худовандо! Ман аз куфр, фақр, хорӣ ва расвоии дунёву охират бар ту паноҳ мебарам!

* * *

Либос барои мӯҳрим

Дар ривоят омадааст, ки марде аз Pасули Акрам(с) пурсид:

Эй Расули Худо, касе, ки дар эҳром бошад, кадом либосро метавонад бар тан кунад?

Пайғамбари Худо(с) дар посух фармуданд:

Пироҳан, дастор, ҷома ва шалвор бар тан нахоҳад кард, ҳамон гуна ки кулоҳ бар сар нагузорад ва либоси хушбӯшуда бо хушбӯӣ ва заъфарон напӯшад. Албатта касе, ки дампоӣ надорад, метавонад массӣ ё мӯзаашро ба сурати нимпӯш то миёни кафи по бипӯшад.

* * *

Некӯтарин неъмат



1 next