Хубӣ ва хушбахтӣ дар чист?



Аз ҳазрати Алӣ(к) суол шуд: хубӣ ва хушбахтӣ дар чист?

Фармуд: Хубӣ ва хушбахтӣ дар ин нест, ки молат фаровон ва фарзандонат зиёд шаванд, хушбахтӣ он аст, ки илмат афзун гардад ва ҳилмат зиёд шавад ва ба парастиши Парвардигор мубоҳот кунӣ ва агар некӣ кунӣ, шукри Худо ба ҷой оварӣ ва агар бадӣ кунӣ истиғфор кунӣ.

Дунё фақат барои ду кас хуб аст: касе, ки гуноҳ карда ва мехоҳад бо тавба ҷуброн кунад ва касе, ки бо суръат ба корҳои нек машғул аст.  Наҳҷулбалоға, ҳикмати 94.

Зарурати ислоҳи байни худ ва Худо

Касе, ки байни худ ва Худоро ислоҳ кунад, Худованд байни ў ва бандагонро ислоҳ хоҳад намуд ва касе, ки амри охираташро ислоҳ кунад, Худо амри дунёяшро ислоҳ хоҳад намуд ва касе, ки аз дарунаш воизе дошта бошад, Худованд ҳофизе барои ў қарор хоҳад дод. Ҳикмати 89.

Иқрор ба надониста

Касе, ки калимаи “намедонам”-ро тарк кунад, худро ба куштан хоҳад андохт. Ҳикмати 85.

Нисбати аъмол

Ҳеҷ моле пурдаромадтар аз ақл нест, ҳеҷ танҳоие ваҳшатноктар аз худбинӣ нест, ҳеҷ ақлу дирояте ҳамчун оқибатандешӣ нест, ҳеҷ бузургворе ҳамчун тақво нест, ҳеҷ ҳамнишине ҳамчун ҳусни хулқ (хулқи некў) нест, ҳеҷ меросе ҳамчун адаб нест, ҳеҷ раҳбаре ҳамчун тавфиқ нест, ҳеҷ тиҷорате ҳамчун амали солеҳ нест, ҳеҷ суде ҳамчун подоши илоҳӣ нест, ҳеҷ порсие ҳамчун парҳез аз шубҳаҳо нест, ҳеҷ зўҳде ҳамчун беэтиноӣ ба ҳаром нест, ҳеҷ илме ҳамчун тафаккур нест, ҳеҷ ибодате ҳамчун адои фароиз нест, ҳеҷ имоне монанди ҳаё ва сабр нест, ҳеҷ бузургворие чун тавозўъ нест, ҳеҷ шарофате чун илм нест, ҳеҷ иззате чун ҳилм нест ва ҳеҷ пуштибоне мутмаинтар аз машварат нест! Ҳикмати 113.

Беҳтарин ҳамнишин



1 2 next