Тавба ва роҳи дуруст (2)



Ҳикояти шахсе, ки ба марги дигарӣ гиря мекард

Тақдири илоҳӣ раги ҷони як нафарро бурид ва яке аз наздиконаш дар сўги ў гиребонашро пора кард ва шурўъ кард ба ҳой-ҳой гиристан. Яке аз ҳозирони тезҳуш бо шунидани фарёду зории он мард, ба ў гуфт: «Агар ин мурда имконият дошт, аз дасти шумо зиндаҳо кафанашро пора-пора мекард ва мегуфт, ки то кай ба азои ман гиря мекунед ва аз дарди ман ба худ мепечед? Фарқи ман аз шумо ин аст, ки ду рўз пештар аз шумо кўч кардам ва шумо низ пас аз ду рўз хоҳед омад. Магар марги худатонро фаромўш кардаед, ки аз марги ман нотавон ва синареш шудед? Оё танҳо ман аз миёни шумо рафтаам? Оё ин иттифоқ ба сари шумо нахоҳад афтод? Инсони ҳақиқатшинос вақте, ки ба сари қабри мурдагон гул мерезад ин гулро ба унвони ин ки дилаш ба гузаштагон месўзад анҷом намедиҳад, балки бо ин кораш сўзи дилашро нисбат ба худаш нишон медиҳад, ки рўзе ман ҳам ба ин сарнавишт дучор хоҳам шуд. Аз мурдани кўдаке, ки ба хок рафт чаро бояд гиря кунӣ, ки ў аз ту беҳтар ва хушбахттар аст, чун пок омад ва пок рафт, ки гуфтаанд:

Хуррам касе, ки аз ҷаҳон зуд бирафт,

Осуда касе, ки худ наёмад ба ҷаҳон.

Ту бояд муроқиби ҳоли худат бошӣ ва саъй кунӣ, ки ҳамон гуна, ки пок омадӣ пок биравӣ, чун пок омадан ва нопок рафтан шармандагӣ аст.

Бояд мурғи нафсатро назорат кунӣ ва пояшро бубандӣ, вале агар аз аввал сарриштаро аз даст дода бошӣ ва мурғи нафсро раҳо карда бошӣ, ман бо ту нестам.

Нигоҳ кун, ту имрўз ба ҷои чӣ касе нишастаӣ ва дар ин ҷое, ки ту имрўз менишинӣ дирўз киҳо менишастанд? Ин нишонгари он аст, ки ба ҷои ту ҳам фардо дигарон хоҳанд нишаст. Чӣ паҳлавон бошӣ, чӣ шамшерзан бошӣ фарқе намекунад, насиби ту аз ин дунё танҳо кафан асту бас. Хари ваҳшӣ аз банд фирор кунад аз рег наметавонад фирор кунад. Ҳамин, ки пояш ба рег дармонда шуд ба охири хат расид, дигар роҳи фирор боқӣ намонд. Ту низ бо он ки зўри бозу дорӣ, то поят дар рег нарафта бошад метавонӣ ба худат биболӣ ва ифтихор кунӣ ва фикр кунӣ, ки ин тавоноӣ то абад дар ту хоҳад монд. Ба зўри бозуят ва ба ин макони кўҳна ва дунёи дун дил мадеҳ ва дўсташ мадор, ки тўб дар болои гунбад наметавонад қарор гирад. Ҳоло дидӣ, ки дирўз рафт, вале фардо меояд ё намеояд маълум нест, пас бояд нафасеро, ки ҳоло дорӣ ғанимат шумор ва ҳисоби худатро анҷом деҳ».

Ҳикояти марди порсо ва хишти заррин

Марде буд худопарасту парҳезгор. Рўзе аз рўзҳо ба шимши тилло даст ёфт. Бо пайдо кардани тилло ақлу ҳушаш аз сараш парид ва дили равшанаш аз ташвиши он тираву торик шуд. Он шаб низ то рўз нахобид ва дар ин фикр буд, ки чӣ кор кунад, ки ин ганҷ то охири умраш тамом нашавад ва дар дасташ боқӣ бимонад. Ў ба худаш мегуфт: «Акнун қомати нотавонам рост шуд ва дар пеши дигарон сарамро хам намекунам ва аз тамаллуқ раҳоӣ ёфтам. Ман бояд аз санги мармар як қаср бисозам, ки сақфаш аз дарахти уди хом бошад. Дар канори он қаср барои ёру дўстонам, ки ба дидори ман меоянд бояд як утоқ бисозам, ки дараш ба тарафи бўстонсарой боз шавад. Ман аз порадўзӣ кардани либосҳоям ва аз бў ва тафи дегдони ошпазхона хаста шудам ва мағзи сарам аз ғизопазӣ сўхту бирён шуд. Аз ин пас таоми маро бояд хидматгузорон ва зердастони ман бипазанд ва ман бояд истироҳат кунам ва ҷонамро парвариш диҳам. Ин намаде, ки ба болояш мехобам хеле сахт ва дурушт аст, ки маро ба куштан наздик кард, намешавад дигар ба болои ин намади касофат бихобам, бояд пас аз ин бистари нарми нимхоб дошта бошам ва бар болои он бихобам, ки баданам роҳат кунад».

Хулоса хаёлбофиҳои ботил мекард, ки дар натиҷа ақлаш табоҳ шуд ва тахайюлҳои рангоранг мисли харчанг чанголашро ба мағзи сараш фурў бурд ва сарашро хароб кард. Розу ниёз ва муноҷотро фаромўш кард, хўрдану хобидан ва ибодату намоз дигар барои ў лаззатбахш набуд. Орому қарор дар дилаш намонд ва наметавонист дар як ҷо бинишинад ва мисли касе, ки аз шароб маст шуда бошад сар ба саҳро зад ва дид, ки як нафар бар сари қабр барои сохтани хишт гил ва лой таҳия мекунад. Бо дидани он саҳна як дафъа ҳуш ба сараш омад ва лаҳзае ба андеша фурў рафт ва гуфт: «Эй нафси кўтоҳназар, аз кори ин хиштсоз ибрат бигир! Чаро бояд ба ин хишти заррин дил бубандӣ, ки як рўзе ин хишти гилин насиби ту хоҳад шуд. Даҳони тамаъ ҳамеша боз аст ва бо як луқма ё ду луқма қонеъ намешавад ва ташнагиаш фурў наменишинад. Эй нафси пастфитрат, аз ин хишти заррин дастатро бикаш, ки бо як хишт наметавонӣ ҷилави нафси ҷайҳунро бигирӣ. Сармояи умрат аз даст меравад, аммо ту дар ҳоли ғафлат ва фикри суд ва зиён ҳастӣ! Ғубори ҳавою ҳавас чашми ақлатро кўр кард, гармсоли ормонҳо киштзори умратро сўхт ва нобуд кард». Байт:



1 2 next