Ислом ва ороишу зебоии зан



Ҳувайдои Абдуллоҳ

Инсон, ки дар умум аз бузургтарин ва беҳтарини махлуқот ба шумор меравад, Худованд дар баробари халқ карданаш ӯро бо ақлу дарк ва фаҳмишу доноӣ дар нисбати дигар махлуқоти хеш бартарӣ бахшид. Аз ин ҷост, ки инсон дар муқоиса бо дигар махлуқоти Худованд куллан фарқ мекунад ва дар худ як ҳаёти пурмуҳтавоеро доро мебошад. Аз ҷумла, яке аз қисматҳои зиндагии инсонро зебоӣ ва ҷамол, ки дар фитрати ӯ ниҳон мебошад, ташкил менамояд. Вобаста ба ин тамоюли инсонӣ, ки зебоӣ ва ҷамол аст, дини Ислом онро ба назар гирифта, барои марду зан шароите ро муҳайё сохта, ки ҳарду метавонанд дар чаҳорчӯбаи шариъати Ислом аз он истифода кунанд.

Ин дар ҳолест, ки фаҳми зебоӣ ва ҷамолу ороиши марду зан миёни мардум чандон хуб таҳқиқ наёфтааст. Бархе гумонпароканиҳо нишон медиҳанд, ки Ислом ороиш ва зебоиро барои зан ҳаром гардонида, ӯро аз ин ҳақ маҳрум сохтааст. Гуруҳи дигар онро танҳо моли мардон медонанд, ки бештар дар берун аз оилаанд ва ё миёни ҷамъият қарор доранд.

Аммо дини Ислом, ки баробарӣ ва баробарҳуқуқиро ҳамеша алқин менамояд, дар ҳама ҳолат миёни зану мард, ҳатто ҳама махлуқоти дунё як низоми муайянеро ба тартиб гузоштааст, аз ҷумла, дар ин росто нисбати анҳо, ки барои худ бештар зебоиву ороишро хуш доранд, дини Ислом барои бароварда сохтани ин орзуи онҳо беҳтарин шароитро дар низоми шариъати исломӣ нишон додааст.

Пеш аз ҳама пинҳон намудани зинат ва зебоии зан аз назари номаҳрамон, худ ороишест, ки иффат ва қадру манзалати ӯро миёни ҷомеъа ҳифз менамояд. Тавре Худованд дар сураи “Нур”: 31 – 33 мефармояд: Ва ба занони муъмин бигӯ, ки чашмони хешро аз нигаристан ба номаҳрамон фурӯ гиранд ва покдоманӣ варзанду зинати худро ошкор накунанд, магар он чи аз онҳо ошкор аст. Ва дар хонаҳои худ бимонед ва ҳамчун даврони ҷоҳилӣ дар миёни мардум зоҳир нашавед ва худнамоӣ накунед”.

Аз ояти мазкур маълум мегардад, ки зинат ва ороиши зан манъ нашудааст, балки зан набояд ороиш ва зиннати худро барои дигарон ва миёни мардум ошкор созад. Зеро ошкор шудани зан бо ороиш ва зебоӣ, пеш аз ҳама сабаби фитна ва бедор шудани васвоси шайтонӣ дар қалби мардум меардад.

Дигар ин ки иффат ва покдомании зан, ки ояндаи ҷомеъаи башарӣ ва ҳаёти солим аз покиву тақвои ӯ вобастагӣ дорад, аз байн меравад. Хусусан занҳои шавҳардор, он ҷое, ки зинату ороиш барои ҷалби таваҷҷуҳи шавҳар ва муҳаббати ӯ муайян шудааст, набояд дар маърази ом қарор гирад.

Дар робита ба зебоии зан ва фитрӣ будани он олим ва донишманди бузурги Ислом Сайид Қутб (р) дар тафсири “Фӣ зилолил - Қуръон” менависад, ки зинати зан ҳалол ва зинат посух ба фитрати эшон аст. Ҳар зане орзуманд аст, ки зебо ва ороста бошад, тибқи навиштаи ӯ, зинат аз асре то асри дигар ихтилоф пайдо мекунад, лекин либоси он дар даруни фитрат якест. Ва ҳама алоқаву рағбат барои касби он ё такмил додану ҷилватар сохтани он дар баробари шавҳар аст. Ислом бо ин гароиш ва рағбат мубориза намекунад, балки ба ин алоқаву рағбат назму низом ва сару сомон мебахшад. Онро мухтасар ва сазовори танҳо барои марди воҳиде қарор медиҳад, ки шарики зиндагии зан аст. Бо ин зинат ба мард озодӣ медиҳад, то аз зебоӣ ва ҷамоли зани хеш баҳравар бигардад. Ва касе ба ғайр аз ӯ ҳақ надорад бар он бингарад ва ё ин зебоиро соҳиб шавад, ки ин беҳтарин неъматест аз ҷониби Худованд барои инсон.

Дигар аз зебоии зан ин аст, ки ӯ бояд ҳамеша ҳамчун зан дар пӯшидан ва рафтори худ боқӣ бимонад, яъне худро ба мардон мушобаҳат насозад. Чунки дар ин росто аз ҳазрати Ибни Аббос (р) омадааст, ки “Паёмбар (с) мардони заннамо ва занони марднаморо нафрин кардаанд”. Пас мутобиқ ба ин ривоят ҳар зану мард вазифадор аст, то аз пӯшиш ва зинате, ки ба ҷинси мухолиф вобастагӣ дорад, парҳез намояд.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ороиш ва зебоӣ барои зан ҷавоз дорад, аммо зан бояд ҳурмат ва мақоми худро дар он фаромӯш насозад, зани мусалмон меъёр ва ҳудуди муайянро набояд аз ёд барорад. Хусусан ҳангоми оро додани худ набояд ба амалҳое даст занад, ки иртикоби амали ҳаром бошанд, ҳатто дар зинат бахшидан барои ҳамсараш ҳам бояд аз ҳадди шаръӣ нагузарад.



1 2 next