Фазлуллоҳ ва густараи маорифи Қуръон (2)



Қисмати дуюм

Дар миёни донишварони исломии қуръонӣ, дидгоҳи ҷиддӣ вуҷуд доштааст, ки ҳанӯз тарафдороне ҳам дорад, ки Қуроъни Карим, муштамил бар тамоми улум аст. Фазлуллоҳ чунин дидгоҳи ҳоддиаксариро дар қаламрави маорифи Қуръон боварманд нест. Ӯ чи дар тафсирӣ Мин Ваҳйил Қуръон ва чи дар мактуботи дигари хеш, борҳо ба нақду нафйи ин дидгоҳ мепардозад.

 Ӯ зери ояти

(وَ نَزَّلْنا عَلَیْکَ الْکِتابَ تِبْیاناً لِکُلِّ شَیْ‏ء)

тасреҳ мекунад, ки мурод аз «кулли шайъ», тамомии донишҳои башарӣ ё тафосилу густараи он нест. Ҳамчунин баёни тамоми мавҷудоти ҳастиро дар густараи мафҳуми хеш надорад.

Фазлуллоҳ порае аз истидлолҳоро матраҳ мекунад. Аз ҷумла:

1. Дар иртибот бо оёти таквин, худи Қуръон моро даъват ба тафаккур ва таҷриба мекунад ва онро масири кашфи асрори хилқат ва ибрат аз он мешиносад. Ин нукта нишонгари он аст, ки фаҳми мазоҳиру рамузи оёти табиии ҳастиро бояд аз тариқи мутолиоти таҷрибӣ дунбол кард, на онки худи Қуръон мутакаффили он бошад.

2. Суннати торихии илоҳӣ бар он будааст, ки инсон аз тариқи талоши фикрӣ ва таҷрибии ҳиссӣ, асрори дониши моддии ҳастиро таъқиб кунад.

3. Қуръон китоби дониш нест, балки китоби имон аст. Чи ин ки борҳову борҳо бар имон ба китоб таъкид шудааст. Аз ҷумла: (ва туъминуна билкитоби куллиҳ) (Оли Имрон/119), ки ин оят нишон медиҳад тамоми оёти Қуръон ва маориф наҳуфта дар ҳар оят, боисти мутааллақи «имон» қарор гирад ва масоиле аз қабили ончи дар донишҳое чун физик, шимӣ ва... матраҳ аст, мутааллақи дониш қарор мегирад ва на имон.

4. Қуръон худро китоби ҳидоят муаррифӣ мекунад. Бинобар ин, Қуръон, китоби донишҳое монанди тиб, пизишкӣ, атумшиносӣ ва... нест.



1 2 3 4 next