Адл ва тадбир



Хусусиятҳои давлатдор

Шоҳ бояд ҷинояткор ё гамонбар ба ҷиноятро эъдом накунад, балки ҳабс кунад. Зеро, ки агар бегуноҳии ў собит шавад, наметавонад хатои худро ҷуброн кунад. Зеро сари буридаро намешавад пайванд кард.

Шоҳи фармонраво, соҳибихтиёр ва бошукўҳ аз ошўби мардум дилтанг намешавад ва мутаассир намегардад.

Саре, ки пур аз ғуруру ман-манӣ бошад, сабру таҳаммул надорад ва саре, ки таҳаммул надорад тоҷи шоҳаншоҳӣ ба он ҳаром аст.

Намегўям, ки ҳангоми ошўб ва нооромӣ қиём накун ва сиёсатро канор гузор, балки мегўям: Ҳамин ки асабонӣ шудӣ, ба ақлат муроҷиат кун.

Ҳар кӣ ақл дорад сабру таҳаммул мекунад. Ақл он нест, ки хашму ғазаб бар он ғалаба кунад.

Лашкари хашму ғазаб агар аз камингоҳи худ берун омад ва шурўъ ба ҳуҷум овардан кард, на инсоф дар кишвар хоҳад монд ва на тақво ва на дин, ҳамааш нобуд хоҳад шуд.

Ман дар зери осмон аз хашму ғазаб хатарноктар деверо надидам, ки аз вай фариштаҳои инсоф - тақво, дин ва адл гурезон бошанд.

Тараҳҳум бар бастагони муҷрим

Бе ҳукми шариат, на танҳо об хўрдан хато шуморида мешавад, балки бо фатвои шариат мешавад хун рехт ва қатли нафс кард.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 next