Ислом инсонро ба ҷамол ва зебоӣ даъват кардааст



(Ё нигоҳе ба ҳунар аз дидгоҳи шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Ҳарчанд устод Мутаҳҳарӣ дар ҳеч як аз осори худ баҳси мустақилле дар мавриди ҳунар наёвардааст, аммо бо ин ҳама, наметавон дағдағаи ӯ пиромуни ҳунарро нодида гирифт; зеро дар лобалои мабоҳиси гуногуни вай, метавон ба бозхонии андешаи ӯ дар мавриди мавзӯи мазкур пардохт. Агар бихоҳем ба табйини ҳунар аз нигоҳи устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ бипардозем, бе гумон бояд ба мақулаи зебоишиносӣ аз дидгоҳи ӯ бипардозем; чаро ки ҳунар аз манзари устод, дар шокилаи зебоӣ маъно меёбад.

Чистии зебоӣ

Шаҳид Мутаҳҳарӣ, фаҳм ва шинохти ҳақиқат (-и зебоӣ)-ро ба унвони қадри ҷомеъи ҳамаи ҳунарҳо, ки зотии онҳо низ ҳаст, лозим медонад. Аз дидгоҳи шаҳид, “ҳунар навъе аз зебоӣ аст”.[1] Ба назари устод Мутаҳҳарӣ, чистии зебоӣ, ҳамонанди чистии ҳунар, бар касе шинохташуда нест.[2] Аз назари эшон, зебоӣ маҳдуд ба зебоии як инсон; он ҳам зебоие, ки инсон онро дар вуҷуди ҷинси мухолифи худ (зан аз мард ва ё мард аз зан) дарк мекунад, нест ва хотирнишон месозад: “Касе ки зебоиро мунҳасиран дар шаҳвати ҷинсӣ дарк мекунад, дар ҳақиқат зебоиро дарк намекунад.”[3]

Дар бовари эшон, зебоӣ барои инсон мавзӯъият дорад.[4] Лаззатҷӯӣ, аз ангезаҳои таваҷҷӯҳи инсон ба зебоӣ аст. Инсон зебоиҳои табиатро дӯст дорад ва аз дидани оби софу зулол, дарё, манзараҳои хеле олии табиӣ, осмон, уфуқ ва кӯҳҳо лаззат мебарад.[5] Ин лаззат фаротар аз лаззати ҷисмонӣ аст. Лаззоти руҳонӣ бо фикр ва тааммул ҳамроҳ аст ва ихтисос ба ашхоси омӯзишдида, мутафаккир ва саодатманд дорад.

Шаҳид Мутаҳҳарӣ ин гароиш ба зебоӣ ва эҳсоси лаззат аз онро амре фитрӣ ва зотии одамӣ медонад. Аз назари вай, ин гароиш дар ҳар ду буъди он; яъне зебоидӯстӣ ва зебоиофаринӣ, дар инсон вуҷуд дорад. Ҳеч кас нест, ки ин ҳисро надошта бошад.[6]

Чаро дар ҷомеаҳое, ки мардумаш доиман даргири зиндагӣ ҳастанд, ҳунар ва илм рушд намекунад?

Устод Мутаҳҳарӣ, ҷилваҳои зебоиофаринии инсонро гуногун медонад ва менависад: “Инсон либос ҳам, ки мепӯшад, кӯшиш мекунад, то ҳадде ки барояш мумкин бошад, вазъи зеботаре барои худаш ба вуҷуд биоварад.”[7] Шаҳид Мутаҳҳарӣ оромиши хотири як ҳунармандро мӯҷиби халқи зебоӣ дониста ва мегӯяд: “Як ҳунарманд бояд зиндагияш осуда ва мураффаҳ дошта бошад, то битавонад фикраш мутамаркиз дар кори ҳунар бошад, вагарна одаме, ки аз як тараф аз субҳ то ғуруб як кори сангини баданӣ мекунад, бадеҳӣ аст, ки дигар шаб наметавонад чанд соат кори илмӣ ё ҳунарӣ бикунад. Ин аст, ки ҷомеаҳое, ки мардумаш доиман даргири маъишат (зиндагӣ) ҳастанд, дар миёни он ҳунар ва илм рушд намекунад, чун фароғате барои он надоранд.”[8]

Бояд ҳисси зебоиро дар башар парвариш дод

Шаҳид Мутаҳҳарӣ парвариши ҳисси зебоӣ дар башарро мӯҷиби таъолӣ дониста ва хотирнишон мекунад: “Бояд ҳисси зебоиро дар башар парвариш дод. Башар агар зебоии макорими ахлоқ ва ахлоқи каримона ва бузургворонаро ҳис кунад, дурӯғ намегӯяд ва хиёнат намекунад. Иллати ин ки баъзе аз афрод дурӯғгӯ ҳастанд ин аст, ки зебоии ростиро дарк накардаанд. Иллати ин ки башар хиёнат мекунад, ин аст, ки зебоии амонатдориро дарк накардааст. Бояд завқи зебоии ӯро парвариш дод, то гузашта аз зебоиҳои маҳсус, зебоиҳои маъқул ва маънавиро ҳам дарк кунад.”[9]



1 2 3 next