Эътиқоди мо



Худошиносӣ ва тавҳид

1 – Вуҷуди Қодири Мутаол

Мо мўътақидем: Худованди Мутаол падид-оварандаи тамоми ҷаҳони ҳастӣ аст ва осори азамат ва илму қудрати ў дар вуҷуди тамоми мавҷудоти ҷаҳон, ошкор ва ҳувайдост, дар даруни  вуҷуди мо, дар олами ҷондорон ва гиёҳон, дар ситорагони осмон ва оламҳои боло ва дар ҳама ҷо намоён аст.

Мо мўътақидем: Ҳар чӣ дар асрори мавҷудоти ин ҷаҳон бештар андеша кунем ба азамати зоти поки ў ва вусъати илму қудраташ огоҳтар мешавем ва бо пешрафти илму дониши башарӣ ҳар рўз дарҳои тозае аз илму ҳикмати ў  ба рўи мо кушода мешавад ва андешаи моро аз ҳар ҷиҳат густариши бештаре медиҳад ва ин тафаккур сарчашмаи ишқи рўзафзуни мо нисбат ба ў хоҳад шуд ва ҳар лаҳза моро ба он зоти поки муқаддас наздику наздиктар месозад ва дар нури ҷалолу ҷамоли ў фурў мебарад. Қуръони Маҷид мегўяд:

وَ فِي الاَرْضِ آيات لِلْمُوقِنِين وَ فِي أَنْفُسِكُمْ أَفَلاتُبْصِرُونَ"

“Ва дар замин оёте (нишонаҳои пай бурдан ба ҳақ) барои ҷўяндагони яқин мавҷуд аст ва дар вуҷуди худи шумо (низ оёте аст) оё намебинед?” (1)

إِنَّ فِي  خَلْقِ السَّموات وَ الاَرْضِ وَاخْتِلافِ اللَّيْلِ وَ النَّهارِ لَآياتٍ لِاُولِي الاَلْبابِ  أَلَّذينَ يَذْكُرُونَ الله قِياماً وَ قُعُوداً وَ عَلَى جُنُوبِهِمْ وَ يَتَفَكَّرُونَ فِي خَلْقِ السَّمواتِ وَ الاَرْضِ ربَّنا ما خَلَقْتَ هذا باطِلاً"

“Дар офариниши осмонҳо ва замин омаду рафти шабу рўз, нишонаҳо (-и равшане) барои хирадмандон аст – ҳамонҳое, ки Худоро дар ҳоли истода ва нишаста ва онгоҳ, ки бар паҳлў хобидаанд ёд мекунанд, дар асрори офариниши осмонҳо ва замин меандешанд (ва мегўянд) бор Илоҳо, ҳаргиз инҳоро беҳуда наофаридаӣ!” (2)

2 - Сифати ҷамол ва ҷалоли ў

Мо эътиқод дорем: Зоти поки Худованд аз ҳар айбу нақс поку муназзаҳ аст ва ороста ба тамоми камолот мебошад, балки ў камоли мутлақ ва мутлақи камол аст ва ба таъбири дигар ҳар камолу зебоие дар ин ҷ аҳон аст, аз зоти поки ў сарчашма гирифтааст.

هُوَ اللّهُ الَّذي لا إِلهَ إِلّا هُوَ الْمَلِكُ الْقُدُّوسُ السَّلامُ الْمُ ؤ مِنُ الْمُهَيْمِنُ الْعَزيزُ الجَبّارُ الْمُتَكَبِّرُ سُبْحانَ اللّهِ عَمّا يُشْرِكُونَ هُوَ اللّهُ الْخالِقُ الْبارِ ئ ُ الْمُصَوِّرُ لَهُ الاَسْما ء ُ الْحُسْنى يُسَبِّحُ لَهُ ما فِي السَّمواتِ وَ الاَرْضِ وَ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ"

“Ў Худое аст, ки маъбуде ҷ уз ў нест, ҳоким ва молики асл ӣ ўст, аз ҳар айб пок ва муназзаҳ аст, ба касе ситам намекунад, амниятбахш аст, муроқиби ҳамаи чизҳо аст, қудратманди шикастнопазир аст, ки бо иродаи бонуфузи худ ҳар амреро ислоҳ мекунад, ў шоистаи азамат аст ва муназзаҳ аст, аз он ч ӣ ҳамтои ў қарор медиҳанд, ў Худованде аст холиқ, офаринандаи бесобиқ ва суратгар (-и беназир), барои ў номҳои нек (ва ҳар гуна сифатҳои камол) аст, он ч ӣ дар осмонҳо ва замин аст тасбеҳи ў мегўянд ва ў азизу ҳаким аст”. (3)

Ва ин бахше аз сифоти ҷамол ва ҷалоли ў аст.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 next