Суннати ороиш ва пӯшиш дар ислом



Дар ин навиштори мухтасар ривоятҳоеро, ки дар бораи ороиш ва пӯшиши мусалмон дар манобеи исломии мо омадаанд гирд оварда ва пешкаши хонандагони азиз менамоем.

Дар Қуръони Карим омадааст: “Бигӯ: зеварҳое, ки Худо барои бандагонаш падид овардааст ва низ рӯзиҳои покизаро кӣ ҳаром гардонидааст? Бигӯ: ин неъматҳо дар зиндагии дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва рӯзи қиёмат низ махсуси онҳост. Ин гуна мо оятҳои худро барои гурӯҳе, ки медонанд, ба равшанӣ баён мекунем.” (Аъроф, 32)

1. Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Худованд дӯст дорад, ки вақте бандаи мӯъминаш назди бародараш меравад, худашро омода кунад ва биорояд.”

2. Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Ҳар кас бояд мӯйлабу мӯи биниашро бигирад ва ба худаш бирасад, зеро ин корҳо бар зебоии ӯ меафзояд.”

Зеварҳои ҳаром:

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Тилло ва абрешим барои занони уммати ман ҳалол аст, вале барои мардони онҳо ҳаром.”

Ороиши мӯй:

1. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Мӯи зебо пӯшиши худоӣ аст. Пас онро ороиш кунед.”

2. Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Ҳар кас мӯй бигузорад, бояд хуб ба он бирасад, вагарна онро кӯтоҳ кунад.”

Гузоштани риш:



1 next