“Ҷоҳилияти мудерн” ва масъалаи чандҳамсарии Паёмбари Акрам (с)



Аббоси Раҳматуллоҳ, коршиноси маорифи исломӣ

“Қазоват” дар бораи як фарди оддӣ кори осон нест, то чӣ бирасад дар бораи шахсияте мисли паёмбари илму адолат! Дар мавриди он ҳазрат (с) бояд бар асоси иттилоъи дақиқ ва мӯътабар ба абъоди гуногуни маънавию моддӣ ва шароити замону макон ва ғайра таваҷҷӯҳ шавад. Вақте ки касе аз “озодии баён” сухан мегӯяд, бояд “баёнаш” тибқи шароити замону макон бошад, вагарна ин озодии баён нест, балки озодии “озурдан”, ”ифроту тафрит” ва ”ҷаҳли мураккаб" аст.

Ин рӯзҳо шоҳиди тӯҳматҳои нораво, бе асос ва бе мантиқ алайҳи паёмбари илму адолат (c) ҳастем. Решаи аксари ин тӯҳматҳо, ба Омрико ва Урупо ва саҳюнизми байналмилалӣ бармегардад. Иллати аслии ин тӯҳматҳо, “ҷоҳилияти мудерн” зери пӯшиши “либеролисми ғарбии ифротӣ” мебошад. Ҷолиб он аст, ки бо ин ки араби ҷоҳилият ва муосири Паёмбари Акрам (с), зери пӯшиши ҳифзи мавориси обо ва аҷдод, тӯҳматҳое пуч ба соҳати муқаддаси он азиз - аз қабили соҳир, маҷнун, коҳин, шоир ва ғайра - мезаданд, вале, ҳеҷ гоҳ ин тӯҳмат раво надошта буданд, ки Паёмбари Аъзам (с) – маъозаллоҳ! – “шаҳватпараст” аст. Зуҳури нисбати “ҳавасронӣ” ба соҳати малакутии Паёмбари Акрам (с) аз Омрико ва Урупо, далолат бар ҷоҳилияти ифротии онҳо мекунад. Дар ин мақола сайъ шудааст, бо таҳлили мунсифона аз илали таъаддуди издивоҷҳои Паёмбари Акрам (с), тасвире равшан ва воқеӣ ба хонанда пешкаш гардад.

Масъалаи чандҳамсарии он ҳазрат (с), яке аз абзорҳое шудааст, ки ҷоҳилияти мудерн онро алайҳи паёмбари илму алодат ба кор мебарад ва қалби милёрдҳо мусалмонро ҷариҳадор мекунад; дар ҳоле ки “қазоват” дар бораи як фарди оддӣ кори осон нест, махсусан шахсияте мисли паёмбари илму адолат, ки дар мавриди он ҳазрат (с) бояд бар асоси иттилоъи дақиқ ва мӯътабар ба абъоди гуногуни маънавию моддӣ ва шароити замону макон ва ғайра таваҷҷӯҳ шавад. Вақте ки касе аз “озодии баён” сухан мегӯяд, бояд “баёнаш” тибқи шароити замону макон бошад, вагарна ин озодии баён нест, балки озодии “озурдан”, ”ифроту тафрит” ва ”ҷаҳли мураккаб" аст.

Чӣ гуна як шахси мудерн нисбат ба шахсияте мисли паёмбари илму адолат (с), ки дар байни куффор ва мушрикини Макка ба амонат ва садоқат шӯҳрат дошт, ба худ иҷозат медиҳад, ки ба соҳати маънавӣ ва малакутии он ҳазрат (с) нисбати “шаҳватпарастӣ” диҳад? Бо таҳлили ҷомеъ ва дақиқ маълум хоҳад шуд, ки бо эътирофи дӯсту душман ва шаҳодати таърих, домани Паёмбари Аъзам (с) аз ин гуна тӯҳматҳо пок ва муназзаҳ мебошад.

Аҳдофи издивоҷҳои паёмбари илму адолат (с)

Ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбар ва фиристодаи Раббулоламин ҳастанд; бад-ин ҷиҳат, бар тибқи дастури илоҳӣ иқдом ба издивоҷҳои мутааддид намудаанд, ҳол, дар зайл ишорае ба ин аҳдоф хоҳад шуд:

1. Яке аз аҳдофи издивоҷҳои Расули Худо (с), барои исботи ҳукми динӣ ва бардоштани суннати ҷоҳилӣ буд. Масалан, Паёмбари Акрам (с) бо Зайнаб бинти Ҷаҳш (р) издивоҷ намуд, то бифаҳмонад, ки “писархонда” ҳукми писари воқеиро надорад ва зани писархонда бар падархонда ҳаром нест ва бо ин кор ҳукми ҷоҳилиро амалан ботил кард ва заминаро барои пазироии нақзи ҳукми ҷоҳилӣ фароҳам кард.

2. Ангезаҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ: Паёмбари илму адолат (с) мунодии ҳидояти ҷаҳониён аст. Бинобар ин, алайҳи тамоми мӯътақадоти хурофии аср ва муҳити худ эҳтиёҷ ба кӯмак дорад. Яке аз роҳҳои муҳим барои аз байн бурдани хурофоти ҳоким бар ҷомеа, доштани робитаи хешовандӣ аз тариқи издивоҷ бо қабоили мухталиф буд; чун дар миёни араби ҷоҳилӣ робитаи хешовандӣ, муҳкамтарин робита ба шумор меомад ва домодро азони худ медонистанду аз ӯ ҳимоят мекарданд ва танҳо гузоштани ӯро гуноҳ медонистанд. Далелҳои зиёде дар даст ҳаст, ки нишон медиҳад, издивоҷҳои паёмбар(с) ҷанбаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ доштааст.

Паёмбари илму адолат (с) бо ҳазрати Оиша битнти Абӯбакр (р) аз қабилаи бузурги Тайм, бо Ҳафса бинти Умар (р) аз қабилаи бузурги Адий, бо Умми Ҳабиба духтари Абӯсуфён аз қабилаи номдори Бани Уммая, Умми Салама аз Бани Махзум, Савда аз Бани Асад, Маймуна аз Бани Ҳилол ва Сафия аз Бани Исроил пайванди заношуӣ барқарор кард; чун дар он муҳити ҷанг, хунрезӣ ва ғоратгарӣ, ки ҷузъи хислати сонавии аъроби ҷоҳилият буд, издивоҷ муҳимтарин мисоқи иҷтимоӣ ва беҳтарин омили ваҳдат ба шумор мерафт. Ба ҷиҳати ваҳдату ҳамдилӣ паёмбари илму адолат (с) фақат аз муҳоҷирин зан гирифт; чун байни ҳазрат ва Ансор ҳамдилӣ вуҷуд дошт.



1 2 next