Ризояти модар



Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми моарон аст!

Ризояти модар

Маъруф аст, ки яке аз нишонаҳои ин ки мусалмон бо имон аз дунё рафта, ин аст, ки ҳангоми марг калимаи шаҳодат (Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадун Расулуллоҳ) бар забон ҷорӣ созад. Нақл аст, ки рӯзе ба Расули Акрам (с) хабар доданд, ки фалон ҷавони мусалмон дар сакароти марг ва ҷон додан аст, вале наметавонад калимаи шаҳодат бар забон ҷорӣ созад.

Ҳазрати Расули Акрам (с) бар сари болини он ҷавон ҳузур ёфтанд ва фармуданд: бигӯ, Ло илоҳа илаллоҳ! Вале мисли ин ки забони ҷавон қуфл шуда бошад наметавонист калимаи шаҳодат бар забон биёварад.

Ҳазрат чанд бор такрор карданд, вале ҷавон ба гуфтани калимаи тайибаи Ло илоҳа илаллоҳ қодир набуд.

Зане дар канори бистари ҷавон машғули парасторӣ аз ӯ буд, ҳазрат аз он зан пурсиданд: оё ин ҷавон модар дорад?

Зан посух дод: бале, ман модари ӯ ҳастам.

Ҳазрат фармуданд: оё аз фарзандат нороҳат ва норозӣ ҳастӣ?

Гуфт: оре, муддати панҷ сол аст, ки бо ӯ сухан нагуфтаам.



1 2 3 next