Қиёми Имом Ҳусайн (а) аз дидгоҳи шаҳид Мутаҳҳарӣ



“Агар касе торихи Ошуроро бихонад, мебинад аз зиндатарин, мустанадтарин ва пурмаънотарини торихҳост.” (Шаҳид Мутаҳҳарӣ)

Имом Ҳусайн (а) шаҳид шуд, ки ислом боло биравад... Имом Ҳусайн (а) кушта шуд, ки сунан ва муқаррарот ва қавонини исломӣ зинда шавад.

* * *

Ҳадафи наҳзати Имом Ҳусайнро худи Имом Ҳусайн аз ҳама беҳтар баён кардааст. Ҳадафаш ҳамон ҳадафи Пайғамбар (с) буд. Хутбаҳои Имом Ҳусайн баёнгари ҳадафи наҳзати Имом Ҳусайн (а) аст. Имом ҳадафи наҳзати худро “ислоҳи уммати исломӣ” муаррифӣ кард; хост амалан дарсҳои исломро биёмӯзад...

* * *

Барои Имом Ҳусайн (а) масъала ин нест, ки кушта шавад ё кушта нашавад; масъала ин аст, ки дин кушта нашавад.

* * *

Асосан фалсафаи шаҳодати Ҳусайн ибни Алӣ (а) ин буд, ки мехост исломро дар марҳалаи амал зинда кунад.

* * *

Ҳукумати Язид сумбули ҷараёне буд, ки мехост фикри исломиро аз байн бибарад ва Имом Ҳусайн (а) барои эҳёи фикри исломӣ ҷангид.



1 2 next