Чаро даъвои паёмбарӣ намекунӣ?



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бархе аз ғайримусалмононро бовар он аст, ки агар номи Паёмбари Ислом (с) ҳанӯз бар забонҳо ҷорӣ ва омӯзаҳои ӯ миёни пайравонаш мутадовал ва роиҷ аст, танҳо бад-ин сабаб аст, ки ӯ ва ёронаш тавонистанд ойини овардаи ӯро ба далоиле дар ҷаҳон бигустаронанд; ойине, ки ба тадриҷ ва бо мурури замон, ҷузъе аз ҳувияти сеяки мардумони рӯи замин гардид.

Воқеи ҳол аммо фаротар аз он аст, ки инҳо мепиндоранд. Дар дилҳо ҷой гирифтан ва ҳамаро маҷзуби хеш кардан, ба ин осониҳо ҳам нест. Хеле соддаангорист, ҳатто аз нигоҳи як нафар ғайримусалмон, ки пиндошта шавад, далели ин ки ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҷойгоҳи хоссе дар дилҳои пайравонаш бархӯрдор ва бо гузашти ҳудуди ҳазору чаҳорсад сол, ҳанӯз миллионҳо нафар бо шунидани номи муборакаш, ба ӯ дуруд мефиристанд, танҳо ин бошад, ки ӯ тавониста ойини худро бигустаронад!

Дар нигоҳи мо мусалмонон, далели аслии ин ҷовидонӣ, илова бар бузургӣ ва азамат ва ахлоқи волои он ҷаноб (с), ки ҳар инсонеро маҷзуби хеш месозад, таъйид ва пуштибонии илоҳӣ аз ӯст, ки ваъда шуда:

«Ӯ (Худованд) касест, ки расули худро бо ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то ӯро бар ҳамаи адён ғолиб ва пирӯз созад, ҳарчанд мушрикон хуш надошта бошанд».(1)

«Онон мехоҳанд нури Худоро бо даҳони худ хомӯш созанд, вале Худо нури худро комил мекунад, ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд».(2)

Фарде, агарчи аз нубуғи зиёде бархӯрдор ва дорои шахсияти коризмотик буда ва муриду пайравоне ҳам барои ӯ пайдо шуда, вале таъйид ва пуштибоние аз олами боло ва мофавқ надошта бошад, маҳол аст ба ҳадде дар дилҳо ҷой ва аз мақоме назди мардумон бархӯрдор гардад, ки ҳозир бошанд, ҷону молу ҳамаи чизи хешро фидои ӯ бикунанд.

Бад нест достонеро ин ҷо нақл кунам. Баҳманёр, ки яке аз шогирдони барҷастаи Бӯалӣ Сино ва дар ойини ислом набуд ва мегӯянд зардуштӣ будааст, рӯзе ба устодаш Бӯалӣ гуфт, чаро бо ин ҳама истеъдод ва нубуғ, илм ва доноӣ, иддаои нубувват ва паёмбарӣ намекунӣ? Агар иддао кунӣ, мардум мепазиранд. Бӯалӣ гуфт: ту чӣ мегӯӣ, ин ҳарфҳо чист, ту аслан мефаҳмӣ чӣ мегӯӣ? Баҳманёр гуфт: мефаҳмам, матлаб аз ҳамин қарор аст, ки арз кардам.

Бӯалӣ дид шогирдаш намефаҳмад, аз ин рӯ гуфт: ҳоло сабр кун, ҷавобатро дар як вақти муносибе хоҳам дод.

Муддате аз ин моҷаро гузашт. Дар яке аз шабҳои зимистонӣ дар Ҳамадон, ки сармо ва яхбандони он маъруф аст, Бӯалӣ ва Баҳманёр дар як утоқ хобида буданд. Мавқеи саҳар, ки муаззин аз болои манораи баланде машғули азон гуфтан буд, Шайх Бӯалӣ ба шогирдаш Баҳманёр гуфт: баланд шав ва косаи обе бароям биёвар, ки бисёр ташна ҳастам.



1 next