Нишонаҳои Худо дар офариниш



 Таҳияи Ҳабибуллоҳи Маннон

Ба зудӣ нишонаҳои Худоро дар осмонҳо ва дар нафсҳояшон ба онон нишон медиҳем то  рӯшан шавад, ки ӯ ҳақ аст. Оё  кифоят намекунад, ки Худо бар ҳар чиз шоҳид аст.

سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ حَتَّى يَتَبَيَّنَ لَهُمْ أَنَّهُ الْحَقُّ أَوَلَمْ يَكْفِ بِرَبِّكَ

أَنَّهُ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ شَهِيدٌ

(Фуссилат, 53).

Роҳҳои шинохти Худовандро донишмандон дар тақсимоти илмии худашон ба чанд даста тақсим кардаанд. Яке аз он роҳҳо тафаккур ва тадаббур дар олами ҳастӣ мебошад. Инсони оқил бо каме диққат дар ин ҳама мавҷудоте,ки дар олам аст, метавонад ба вуҷуди офаридагори олам пай бибарад. Дур наравем агар ба наҳваи  сохтори худамон ба тафаккур бипардозем бедаранг ба қудрат ва илми холиқи худамон хоҳем расид. Дар ин навиштор ба баъзе аъзои инсон ва наҳваи хилқати ӯ ишора шудааст шояд, ки битавонем азамат ва қудрати Худои Мерубонро бишносем ва Ӯро онгуна, ки шоистаи ибодат аст, ибодат кунем.

Гӯшт аз оҳан ҳам сахттар аст

Оё бовар доред, ки гӯшт аз оҳан ҳам сахттар аст. Агар бовар надоред ду тика оҳанро як мудат кутоҳ дарҳам бикашед  мебинед, ки оҳанҳо соида шудаанд. Мошинҳо, ҳавопаймоҳо, корхонаҳо, пас аз мудате аз кор уфтода ва дигар қобили истифода намебошанд. Ҳоло ба қалби солими инсонҳо бингаред мебинед, ки ба таври маъмул дар ҳар дақиқае ҳафтод бор ва дар ҳар соате 4200 бор ва дар ҳар шабонарӯз 100800 ва дар як сол 36792000 бор боз ва баста мешавад. Дар ҳар бор қалб хунро бо фишор берун медиҳад ва сипас онро мемакад ва ба сӯӣ худ боз мегардонад. Шаб  ва рӯз кор мекунад ва даме осоиш надорад. Рузгори дароз бо ин равиш кори худро идома медиҳад ва андак хилале дар кораш роҳ намеёбад. Кадом оҳанеро суроғ доред, ки дар як сол 36 миллион бо ҳам бархурд кунад вале соида нашавад. Донишмандон ҳисоб кардаанд энержи ва неруе, ки дар дувоздаҳ соат аз қалб ба даст меояд  қодир аст як вазнаи 60 тоннаиро аз замин баланд кунад. Қалб аз лиҳози суръат ҳайратангез аст. Ҷараёни хуне, ки аз қалб шуруъ мешавад 7500 километрро дар соат тай мекунад он ҳам роҳе, ки садҳо печу хам дорад то хун ба ҳама ҷо бирасад. Миқдори хуне, ки ба василаи насоси қалб дар мудати як сол кашида мешавад тақрибан 2600000 литр аст, ки барои ҳамли он 81 мошини тонкердори бузург лозим аст. Агар ба мушаки қалб бингаред онро ҷисми заиф ва суст мебинед. Ин қудрати азим ва ин неруи хастагинопазирро чӣ касе ба ин моҳичаи кучак дода аст. Чӣ касе қалбро ба ин вазоифи сангин роҳнамои мекунад. Чаро қалб истироҳат намекунад агар истироҳат кунад инсон мемирад. Чӣ касе ба вай гуфтааст истироҳати ту барои соҳибат марг меоварад. Агар инсон каме бо фикри худаш тааммул кунад, аз аъмоқи ҷон фарёд хоҳад кашид, ки як қудрати бузурге ба номи Худо ин оламро халқ карда ва роҳнамоӣ мекунад.

Вазоифи гӯш

Дар гӯши мо чӣ қарор дода шудааст, ки садоҳои бепоёнро мешунавад. Садоҳое, ки аз ҳадди аълои оҳистагӣ шуруъ шуда то ҳади аълои баландӣ ва фарёд мерасад. Ҳамаи ин садоҳоро гӯш бе онки ниёзе ба кам кардан ё афзудани неруи шунавоӣ дошта бошад, мешунавад. Гӯши инсон садои ҳар касро аз дигари ҷудо мекунад ва садои ҳар ҳайвонро мешиносад. Садои бодро аз садои об, таронаи булбулро бо бонги зоғ хато намекунад. Ҳамаи ин садоҳоро бо як неру ва бо як вазъ ва шароит мешунавад. Дар ҳоле ки агар як дастгоҳи сохтагии башар бихоҳад ҳар кадом аз ин садоҳоро дарк кунад ва хабар диҳад, бояд ҳар садоеро бо вазъи махсусе ба даст оварад, ки дар ҳамон вазъ садои дигареро наметавонад дарк кунад. Ва агар бихоҳад садои дигареро бишнавад бояд бо як таври дигар танзим шавад, ки битавонад он садоро дарк кунад ва хабар диҳад. Вале дар ин ҳолат аз шунидани садои аввал оҷиз мемонад магар инки ба ҳолати аввалаш баргардад то битавонад садои аввалро бишнавад. Ин неруи номаҳдудро чӣ касе ба гӯши инсон додааст, ки садоҳои номаҳдудро мешунавад. Агар мо бо дидани як сохтумони бузург ба қудрат ва илми созандаи он пай мебарем, оё наметавонем ба вуҷуд ва қудрат ва илми бе поёни созандаи гӯши инсон, ки Худои олам аст пай бибарем.



1 next