Маърифати ниҳодӣ



«Ва вақте онҳоро мавҷе монанди абрҳо фаро гирад, Худоро бо ихлоси дар дин ва бандагӣ мехонанд ва чун онҳоро бо расондан ба хушкӣ наҷот диҳад, бархе аз онҳо устувор мемонанд ва оёти Моро ҷуз ҳилагарони носипос инкор намекунанд»; (сураи Луқмон, ояти 32).

Ва вақте сарнишинони киштиро амвоҷи бузурге ба монанди абрпораҳо фаро мегиранд ва дар гирдоби бало меафтанд, аз ҳама умедгоҳҳо даст шуста, бо ақида ва бовари холис рӯ ба Худо меоранд ва танҳо Ӯро мехонанд ва аз Ӯ наҷот металабанд. Баъд аз он, чун Худованд ин гирифтори балошудагонро аз хатари мавҷҳо раҳонида ба хушкӣ бирасонад ва аз ҳалокат наҷот диҳад, теъдоди каме аз онҳо дар ҳадди эътидол ва роҳи рост қарор мегиранд ва ба имонашон устувор мемонанд ва бештари онҳо паймони дар киштӣ додаашонро мешикананд ва оёти Худовандро бовар намекунанд ва танҳо бадаҳдони ҳилагар ва ношукр даст ба инкори оёти Худо мезананд.

Ин оя монанди ояи 67 сураи «Исро» ва ояи 65 сураи «Анкабут», ки дар мазмун шабеҳи якдигаранд, ишораи равшан ба тавҳиди фитрӣ ва вуҷуди имони ба Худои ягона дар қаъри рӯҳи инсон кардааст, ки асл ва хамирмояи тавҳид аст. Чунончи дар боло зикр карда будем, сиришти инсон дар маърифати Парвардигораш офарида шудааст ва ин маърифати ниҳодӣ реша дар паймони фитрат дорад. Вақте сухан аз паймони фитрӣ ба миён меояд, манзараи рӯзи аласт пеши назар ҷилва мекунад, ки Худованд аз пушти фарзандони Одам насли онҳоро баргирифт ва ононро бар худашон гувоҳ гардонд ва аз эшон суол кард: «Оё Ман Парвардигори шумо нестам?» Онҳо гуфтанд: «Оре! Гувоҳӣ медиҳем, (ки Ту Парвардигори мо ҳастӣ)». (Сураи Аъроф, ояи 172). Ин эътироф ва гувоҳӣ сиррест аз асрори Худованд, ки онро ба сурати ҳисси дарунӣ дар сиришти инсон ниҳодааст.

Бинобар ин, инсон вақте ба дунё меояд ва ба марзи тааққулу тафаккур мерасад, соҳиби молу ҷоҳ мегардад, қудрату тавоноӣ пайдо мекунад, ба дунё ва мо фиҳо меҳр мебандад, аз ақидаву боваре пайравӣ менамояд, ё дар муҳите тарбия мегирад, ки ӯро ба сӯи ботил раҳнамоӣ мекунад ва монанди инҳо, ӯ аз ҳақиқати ниҳон дар сиришташ дур меафтад. Зеро ин алоқамандиҳо, нерӯҳои фиребанда, қудратҳои мавҳума ва монанди инҳо дар ҳолатҳои фарохӣ ва оромию осудагӣ миёни ӯ ва ҳақиқати фитраташ парда мешаванд ва робитаи ин фитрат ва Холиқашро қатъ мекунанд.

Аммо вақте ба инсон хатари азиме таҳдид кунад, ё ба сараш мусибати вазнин ояд, ё аз нерӯи бузурге дар ҳарос шавад ва эҳсос намояд, ки тамоми василаҳо аз кор афтодаву аз дасташон чизе барнамеояд ва пайвандҳо низ қатъ шудаву тамоми қудратҳои зоҳирӣ , ки ӯро ба худ ҷалбу ҷазб карда буданд, ночиз гаштаанд, худро заъифу нотавон мебинад. Дар ин ҳолат ҳақиқати фитрат аз зери пӯшиши мавҳумот берун меояд ва он нури дар сиришти ӯ буда ба як бор таҷаллӣ карда, партав ба ақлу рӯҳи ӯ меафканад. Дар ин ҳол ӯ ба ёди мабдаи бузурги қудрат ва раҳмат меафтад ва фақат ба Ӯ умед мебандад ва рӯ ба сӯи Парвардигораш меораду дуои наҷот мекунад ва паймон медиҳад, ки минбаъд ҷуз Худои ягона ба ҳеҷ маъбуде бовар нахоҳад кард. Ин ҳамон нури тавҳиди фитрӣ аст.

Аз мафҳуми оят чунин бардошт мешавад, ки сахтиҳо ва мусибатҳо сабаби ба камолрасӣ, поксозии нафс ва ба ҷунбиш даровардану барангехтани нерӯҳои нуҳуфта дар вуҷуди инсон мешаванд. Ба ҳукми қонуни хилқат ҳар гавҳари ҳақиқии пӯшида дар вуҷуди инсон бар асари рӯёрӯйӣ бо сахтиҳо намоён мешавад, болотар аз ин, сахтиҳо ва мусибатҳо одамиро комилан дигаргун месозанд ва масирашро тағйир медиҳанд. Ин ҷост, ки вақте Худованд онҳоро наҷот мебахшад, иддае аз эшон, ки дар вуҷудашон гавҳари нуҳуфта доранд, ба аҳди бо Худо бастаашон вафо мекунанд ва дар роҳи мӯътадилу хатти мустақими тавҳид устувор мемонанд.

Ҳамзамон бархе дигар, ки бар асари макру найранги бисёр ва паймоншикании зиёд гавҳари асили инсониро аз даст додаанд, баъд аз наҷотёбӣ аз балоҳо ва машғул гаштан ба зиндагии дунё ва барқароршавии робитаҳо пардаи ғафлату ғурур дидаи басираташонро дубора кӯр мекунад. Дар натиҷа наҷоташонро ба омилҳои маҷозӣ рабт дода, онро як кори оддӣ мешуморанд ва паймони бо Худо бастаашонро мешикананд ва бармегарданд ба инҳирофи қаблии хеш.

Ногуфта намонад, мазмуни ояи мавриди баҳс хоси сарнишинони киштиҳо намебошад, балки ба унвони қоидаи аслӣ фарогири тамоми ҳолатҳои душвор ва мушкилоти ба сари фарзанди одам меомада дар ҳамаи асру замонҳо аст.

 



1 next