Худбартарбинӣ



Расули Акрам (с), тибқи маъмул дар маҷлиси худ нишаста буд. Ёрон гирдогирди ҳазраташ ҳалқа зада, ӯро монанди нигини ангуштар дар миён гирифта буданд. Дар ин байн, яке аз мусалмонон, ки марди фақири жандапӯше буд, аз дар расид ва тибқи суннати исломӣ, ки ҳар кас дар ҳар мақоме ҳаст, ҳамин ки вориди маҷлисе мешавад, бояд бибинад ҳар куҷо ҷои холӣ ҳаст ҳамон ҷо биншинад ва як нуқтаи махсусеро ба унвони ин ки “шаъни ман чунин иқтизо мекунад”, дар назар нагирад.

Он мард ба атроф нигоҳ кард ва дар нуқтае ҷои холие ёфт, рафт ва он ҷо нишаст. Аз қазо, паҳлӯи марди сарватманде қарор гирифт. Марди сарватманд ҷомаҳои худро ҷамъ кард ва худашро ба каноре кашид. Расули Акрам (с), ки муроқиби рафтори ӯ буд, ба ӯ рӯ кард ва гуфт: тарсидӣ, ки чизе аз фақри ӯ ба ту бичаспад?

Гуфт: На, ё Расулаллоҳ!

Фармуд: Тарсидӣ, ки чизе аз сарвати ту ба ӯ сироят кунад?

Гуфт: На, ё Расулаллоҳ!

Фармуд: Тарсидӣ, ки ҷомаҳоят касиф ва олуда шаванд?

Гуфт: На, ё Расулаллоҳ!

Фармуд: Пас чаро паҳлӯ тиҳӣ кардӣ ва худатро ба каноре кашидӣ?

Гуфт: Эътироф мекунам, ки иштибоҳе муртакиб шудам ва хато кардам. Акнун ба ҷуброни ин хато ва ба каффораи ин гуноҳ, ҳозирам ниме аз дороӣ ва сарватамро ба ин бародари мусалмони худ, ки дар борааш муртакиби иштибоҳе шудам, бибахшам!

Марди жандапӯш аммо, арз кард: Вале ман ҳозир нестам бипазирам.



1 next