Уммулмўъминин Оиша эътиқод дорад, ки Умар ўро дар қабраш мебинад



 

 

 

عن عائشة قالت: "كنت أدخل بيتي الذي دفن فيه رسول الله صلى الله عليه (وآله)  وسلم وأبي فاضع ثوبي فأقول إنما هو زوجي وأبي فلما دفن عمر معهم فوالله ما دخلت إلا وأنا مشدودة على ثيابي حياء من عمر".

Уммулмўъминин Оиша мегўяд: "Ман ҳамеша дар он хонаам, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва падарам дафн шуда буданд либосамро мекашидам ва мегуфтам: Шавҳарам ва падарам ҳастанд (дар хона марди номаҳраме вуҷуд надорад). Пас вақте Умар ибни Хаттоб, низ дар он ҷо дафн шуд пас ба Худо қасам, ки ҳеҷ вақт дохили он хона нашудам, магар ин ки ба хотири ҳаё аз Умар либосамро ба худ мебастам ва онро аз танам намекашидам." [1]

Хеле ҷои тааҷҷуб аст, ки бо вуҷуди ин гуна ахбор ваҳҳобиҳо ин ақидаи фосиди худро аз куҷо гирифтаанд. Уммулмўъминин Оиша мегўяд, ба хотири ин ки Умар ба ман номаҳрам аст ман дар дохили хонаам низ либосамро канор намегузорам, пас яъне ў мегўяд Умар маро мебинад, вале ваҳҳобиҳо ҳатто шунидани мурдаро мункир ҳастанд чӣ расад ба дидани онҳо.

Гузаштагон

аъмоли аҳли дунёро мебинанд

وعن أبي هريرة قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه (وآله) وسلم قال: "إن أعمال بني آدم تعرض (عليَّ) كل خميس ليلة الجمعة فلا يقبل عمل قاطع رحم".

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуданд: Ҳар рўзи панҷшанбе, шабҳои ҷумъа аъмоли бани одам бар ман арза мешавад ва аъмоли касоне, ки қотеи раҳм ҳастанд қабул нахоҳад шуд”.[2] Ёдовар мешавем, ки Ибни Ҷавзӣ ба лафзи "аъмоли шумо ба ман арза мешавад" ривоят кардааст.

عن النعمان بن بشير قال وهو على المنبر: "سمعت رسول الله  صلى الله عليه (وآله) وسلم يقول ألا إنه لم يبق من الدنيا إلا مثل الذباب تمر في جوها فالله الله في إخوانكم من أهل القبور فإن أعمالكم تعرض عليهم  .

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ мефармуданд: Огоҳ бошед, ки боқӣ намонда аз дунё умре магар ба андозаи гузаштани паша аз ҳаво, пас Худоро Худоро, дар бораи бародаронатон аз аҳли қубур, пас ба дурустӣ, ки кор ва амалҳои шумо бар онҳо (ба мурдагон дар қабр) арза мешавад.”[3]

عن جابر وأنس بن مالك قالا: قال النبي صلى الله عليه (وآله) وسلم: "ان أعمالكم تعرض على أقاربكم وعشائركم من الأموات فان كان خيرا استبشروا به وان كان غير ذلك قالوا اللهم لا تمتهم حتى تهديهم كما هديتنا".



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 next