Итоат аз падару модар



 “Ва парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз ўро мапарастед ва ба падару модари (худ) некўкорӣ кунед. Агар яке аз он ду, ё ҳар ду дар канори ту ба солхўрдагӣ расиданд, ба онҳо (ҳатто) уф магў ва ба онон пархош макун ва бо онон сухане шоиста бигў ва аз сари меҳрубонӣ, боли фурўтанӣ бар онон бигустар ва бигў: Парвардигоро, он дуро раҳмат кун, чунон ки маро дар хурдӣ парвариданд”, (сураи Исро, ояти 23 ва 24).

Дар чӣ шароите итоат аз падару модар воҷиб аст? Вақте, ки оятҳои Қуръонро баррасӣ мекунем, унвони итоат аз волидайнро намеёбем. Яъне амри падару модар нисбат ба фарзанд, ҳамонанди амри Худо ва паёмбар ва улуламр нест, ки дорои арзиши қонунии илзомовар бошад. Ислом, дастури падару модарро унвоне шаръӣ ва илзомовар барои фарзанд қарор надодааст. Худованд ба некўкорӣ нисбат ба падару модар дастур додааст. Дар Қуръони карим, чандин бор калимаи “эҳсон” (некўкорӣ) омадааст. Намуна ва улгуи некўкорӣ ҳам дар каломи Худованд рўшан шудааст:

 “Ва парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз ўро мапарастед ва ба падару модари (худ) некўкорӣ кунед. Агар яке аз он ду, ё ҳар ду дар канори ту ба солхўрдагӣ расиданд, ба онҳо (ҳатто) уф магў ва ба онон пархош макун ва бо онон сухане шоиста бигў ва аз сари меҳрубонӣ, боли фурўтанӣ бар онон бигустар ва бигў: Парвардигоро, он дуро раҳмат кун, чунон ки маро дар хурдӣ парвариданд”, (сураи Исро, ояти 23 ва 24).

Аз ин ду оят дармеёбем, ки Худованди Субҳон мехоҳад бигўяд ба падару модарат ба ин шеваҳо некўкорӣ кун. Ба ҳеҷ сухани зишт ва рафтори нописанде бо онон бархўрд накун. Бо онон кушодарў, меҳрубон ва фурўтан бош. Хидматҳояшонро ба ёд ор.

Бинобар ин, мебинем, ки дар Қуръон ҳеҷ гоҳ аз итоати во-лидайн сухане ба миён наомадааст, албатта аз ҷанбаи манфӣ итоат аз падару модари (мушрик) сухан гуфтааст: “Ва агар ту-ро во доранд то дар бораи чизе, ки туро ба он донише нест, ба ман ширк варзӣ, аз онон фармон мабар, вале дар дунё ба хубӣ бо онон муошират кун ва роҳи касеро пайравӣ кун, ки тавбакунон ба сўи ман бозмегардад.” (Сураи Луқмон, ояти 15) Ин оят мегўяд: Замоне, ки падару модарат хостанд туро аз хатти мустақим мунҳариф кунанд ва ба ширк во доранд, аз онон итоат макун. Ман эътиқод дорам, ки ширк ба Худо, ки дар оят зикр шуда, ба унвони намунаест аз инҳирофоте, ки мумкин аст падару модар фарзандашонро ба он во доранд. Ин инҳирофот шоми-ли куфр ва даст задан ба умури ҳаром ва умуре, ки хилофи маслиҳати фарзанд аст ва ҳатто наҳй аз фаъолиятҳое, ки саба-би тақвияти маънавӣ, рўҳӣ, фикрӣ ва динӣ - монанди наҳй аз ҳузур дар масҷидҳо ва маҷлисҳои динӣ ва илмӣ ва... - ҳам мешавад. Дар масъалаи ҷиҳод ҳам ҳатто агар ҷиҳод, воҷиби кифоӣ бошад - замоне, ки бар фарзанд воҷиб шуд - падару модар ҳаққи наҳй ва манъи ўро надоранд. Яъне ин, ки ҳақ надорӣ бо маъсияти Худованд, ба падару модарат некўкорӣ кунӣ. Дар айни ҳол, аз ин оят барнамеояд, ки дар умури ғайри маъсият бояд аз падару модарат итоат кунӣ, балки оят мегўяд ба падару модарат некўкорӣ кун. Бинобар ин, агар падару модар фарзандашонро водор ба коре кунанд, ки маслиҳаташ дар он нест, масалан бо фалон духтар издивоҷ кунад ва ё ҳамсарашро талоқ диҳад ва ё риштаи таҳсилиеро, ки рағбате ба он надорад, баргузинад ва ё касбу кореро, ки омода барои он нест, интихоб кунад, итоат аз дастурашон воҷиб нест, ҳатто агар сабаби азияти онон шавад.

Аммо дар мавриди издивоҷи духтари бокира, ба даст овардани иҷозати падар - бар фарзи воҷиб будан, ки албатта мо онро воҷиб намедонем - ба маънии воҷиб будани итоат аз падар нест. Балки ба ин маъност, ки шаръӣ будани издивоҷи духтари бокира машрут ба ризояти валии (падар ё бобои падарии) ўст. Ин шарти шаръӣ ҳам чӣ басо ба ҷиҳати пешги-рӣ аз фиреб хўрдан ва инҳирофи ў бошад.

•     Падарам маро ба издивоҷ бо духтаре тавсия мекунад. Агар аз ў итоат накунам, мумкин аст робитаҳои мо тира шавад, таклифи шаръии ман чист?

Агар ба худат заҳмат додӣ ва аз ў итоат кардӣ, подоши онро аз Худованд дарёфт хоҳӣ кард. Аммо итоат аз ў дар ин кор воҷиб нест.

Агар маслиҳате бар сафари ту бошад - монанди таҳсил - ва хатари ҷонӣ мутаваҷҷеҳи ту дар сафар набошад, ки ононро ба дилсўзӣ ва хайрхоҳии ту во дорад, сафари маъсият нахоҳад буд.

Агар баъдан ризояташонро ба даст оварӣ мушкиле нест. Аммо дар тасарруфҳои муомилаӣ монанди хариду фурўш, пеш аз тасарруф, иҷозати он ду лозим аст.



1 2 3 4 next